https://sputnik.tj/20230909/namoishi-hunarhoi-mardumi-bonu-faoli-tojiki-maskav-1059302954.html
Намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки 100 бонуи фаъоли тоҷики муқими Маскав ва вилояти он
Намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки 100 бонуи фаъоли тоҷики муқими Маскав ва вилояти он
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти Русия бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо ҳузури 100 зани фаъоли тоҷик баргузор гардид
2023-09-09T19:05+0500
2023-09-09T19:05+0500
2023-09-09T19:05+0500
дар тоҷикистон
сафорати тоҷикистон дар фр
бонувон
ҳамоиш
чорабинӣ
фарҳанг
сафорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/09/1059302744_0:73:1280:793_1920x0_80_0_0_03130fce052a49df5cbefe55bb1636fb.jpg
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Дар Маскав бахшида ба таҷлили Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон бонувони фаъоли тоҷик як чорабинии фарҳангӣ баргузор намуданд. Ҳамоиши мазкур аз ҷониби занони фаъоли тоҷик, ки дар шаҳри Маскав ва вилояти он дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият менамоянд, ташкил карда шуда, дар он беш аз 100 нафар занону бонувон иштирок намуданд.Дар ин боар Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар додааст.“Бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби занону бонувони тоҷики муқими шаҳри Москва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи рангинӣ фарҳангӣ ташкил карда шуда, дар он оид ба дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҳифзу гиромидошти арзишҳои милливу давлатӣ ва тарбия намудани насли ҷавони кишвар дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ андешаронӣ намуданд”, - гуфт манбаъ.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар чорабинии мазкур кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Русия, Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат дар Русия иштирок ва суханронӣ намуда.Дар ин чорабинӣ қайд карда шудааст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мақоми зан – модар боло бардошта шуда, занону бонувони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии кишвари азизамон саҳмгузорӣ менамоянд.Шӯрои ҷамъятӣ зикр кардааст, ки занони тоҷик дар хориҷи кишвар барои муаррифии фарҳангу таърих, расму оинҳои миллӣ ва санъати волои мардумӣ пайваста талош намуда, дар чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятиву сиёсӣ дар қаламрави Русия фаъолона иштирок менамоянд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/09/1059302744_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_2d62b1f4e00c0599e78d4cafed9aec3a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маскав, бонувон, фаъол, чорабинӣ, фарҳангӣ, бонувон, истиқлолият
тоҷикистон, маскав, бонувон, фаъол, чорабинӣ, фарҳангӣ, бонувон, истиқлолият
Намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки 100 бонуи фаъоли тоҷики муқими Маскав ва вилояти он
Дар пойтахти Русия бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо ҳузури 100 зани фаъоли тоҷик баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Дар Маскав бахшида ба таҷлили Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон бонувони фаъоли тоҷик як чорабинии фарҳангӣ баргузор намуданд.
Ҳамоиши мазкур аз ҷониби занони фаъоли тоҷик, ки дар шаҳри Маскав ва вилояти он дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият менамоянд, ташкил карда шуда, дар он беш аз 100 нафар занону бонувон иштирок намуданд.
Дар ин боар Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар додааст.
“Бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби занону бонувони тоҷики муқими шаҳри Москва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи рангинӣ фарҳангӣ ташкил карда шуда, дар он оид ба дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҳифзу гиромидошти арзишҳои милливу давлатӣ ва тарбия намудани насли ҷавони кишвар дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ андешаронӣ намуданд”, - гуфт манбаъ.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар чорабинии мазкур кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Русия, Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат дар Русия иштирок ва суханронӣ намуда.
Дар ин чорабинӣ қайд карда шудааст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мақоми зан – модар боло бардошта шуда, занону бонувони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии кишвари азизамон саҳмгузорӣ менамоянд.
Шӯрои ҷамъятӣ зикр кардааст, ки занони тоҷик дар хориҷи кишвар барои муаррифии фарҳангу таърих, расму оинҳои миллӣ ва санъати волои мардумӣ пайваста талош намуда, дар чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятиву сиёсӣ дар қаламрави Русия фаъолона иштирок менамоянд.