Теъдоди генералҳо дар Тоҷикистон афзоиш ёфт

© Дафтари матбуоти президенти ТоҷикистонМаросими тақдими рутбаҳои генералӣ дар арафаи 32-юмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Маросими тақдими рутбаҳои генералӣ дар арафаи 32-юмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз матонату маҳорати бархе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тавсиф карда, афзуд, ки хизматҳои фарзандони содиқу далерро қадр мекунад
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Теъдоди генералҳои Тоҷикистон дар арафаи 32-юми солгарди Истиқлоли давлатӣ ва 30-юмин солгарди таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ афзоиш ёфт.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ, як қатор хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо рутбаи генерал майор қадрдонӣ намудааст.
Инчунин бархе аз кормандон рутбаи дараҷавии "Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3"-ро соҳиб шудаанд.
Парад победы в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2023
Гузашти низомӣ бо иштироки даҳҳо ҳазор низомӣ дар Душанбе
Дар феҳрати онҳое, ки рутба гирифтаанд, аз ҷумла кормандони Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ ном бурда шуданд.
Инчунин масъулини Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ низ соҳиби рутба гардидаанд.
Раисҷумҳур дар маросими тақдими рутбаҳо изҳор доштааст, ки хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Кувваҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар воҳидҳои низомӣ дар замони соҳибистиқлолӣ дар таъмини амнияту субот, ҳифзи дастовардҳои миллат ва ваҳдати сартосарӣ нақши муассир доранд.
Вай таъкид намудаст, ки ҳукумат низ хизматҳои фарзандони содиқу далерро қадршиносӣ намуда, онҳо бо шароитҳои арзандаву шоистаи хизмату зиндагӣ фаро гирифта мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0