Пирӯзии тими миллии Тоҷикистон бар дастаи Сингапур

© Foto / ФФТСборная Таджикистана готовится к CAFA-2023
Сборная Таджикистана готовится к CAFA-2023 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2023
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футбол дар меҳмонӣ тими миллии Сингапурро голборон карду ба дарвозаи худ аз мизбонҳо ҳеч голе сар надод
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Футболбозони тими миллии Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 бар тими Сингапур пирӯз шуданд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дӯстона дар варзишгоҳи "Бишан"-и Сингапур баргузор гардид.
Манбаъ афзуд, ки дар даври аввали бозӣ аллакай дар дақиқаи 6-ум Муҳаммадҷон Раҳимов голро вориди дастаи мизбон карду тими Тоҷикистонро таҳти роҳбарии Петр Сегрт ба пеш баровард.
Таджикские легкоатлеты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2023
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ 9 медал гирифтанд
Голи дуюми дастаи Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов аллакай баъди анҷоми даври асосии бозӣ дар дақиқаҳои иловагии замнамудаи довар вориди дарвозаи Сингапур намуд.
Маврид ба зикр аст, ки мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт, сармураббии тими Тоҷикистон барои бозӣ бо тими Сингапур 19 бозигарро даъват карда буд.
Аз ҷумла ситоди мураббиён 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро барои рақобат бо Сингапур ҷалб сохт.
Дар робита ба ширкати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024, ки то 12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, бархе аз бозигарони тими миллӣ ба бозӣ бо Сингапур даъват нагардида буданд.
Лентаи хабарҳо
0