https://sputnik.tj/20230908/parad-harbi-dushanbe-rivoyat-tasvir-aks-1059282449.html
Паради ҳарбӣ дар Душанбе ба ривояти тасвир - аксҳо
Паради ҳарбӣ дар Душанбе ба ривояти тасвир - аксҳо
Sputnik Тоҷикистон
Дар гузашти низомӣ бахшида ба 32-юмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди таъсисёбии артиш наздики 20 ҳазор низомӣ иштирок карданд
2023-09-08T14:49+0500
2023-09-08T14:49+0500
2023-09-08T14:49+0500
акс
гузориши аксӣ
амният ва мудофиа
эмомалӣ раҳмон
низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/08/1059277721_1:0:2047:1151_1920x0_80_0_0_7573f92f433496cd29d2334bb38ca9fb.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/08/1059277721_257:0:1792:1151_1920x0_80_0_0_8d6664a6761b22b85072875e9d67ccc3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гузориш, акс, душанбе, низомӣ, давлат, солгард, таъсис
гузориш, акс, душанбе, низомӣ, давлат, солгард, таъсис
Паради ҳарбӣ дар Душанбе ба ривояти тасвир - аксҳо
Дар гузашти низомӣ бахшида ба 32-юмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди таъсисёбии артиш наздики 20 ҳазор низомӣ иштирок карданд

Гузашти низомӣ бахшида ба 32-юмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар майдони "Истиқлол" бо иштироки президент, Эмомалӣ Раҳмон гузашт.

Гузашт бо ворид намудани Парчами давлатии Тоҷикистон ба майдони баргузории чорабинӣ оғоз гардид.

Сипас вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо оид ба омодагии қисму воҳидҳои ҳарбӣ, ба гузашти низомӣ гузориш дод.

Дар назди ҳозирин сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ, Эмомалӣ Раҳмон баромад карда, онҳоро бо ду ҷашн шодбош гуфт.

Баъд аз анҷоми суханронии сарвари давлат ва зимни иҷрои Суруди миллӣ дар як вақт аз тупҳо 30 шиллик парронда шуд.

Сипас бо амри фармондеҳи парад гузашти низомии 20 ҳазор ннизомӣ шуруӯ гардид.

Дар гузашти низомӣ бахшида ба 32-юмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамчунин занону бонувон низ иштирок доштанд.

Афсарону аскарони ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузашти низомӣ

Мақомот мегӯянд, мунтазам сафи бонувон дар нерӯҳои мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ майли афзоиш дорад.

Дар гузашти низомӣ бахшида ба 32-юмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон занон аз воҳидҳои мухталиф фаъолона иштирок карданд.

Дар гузашт нерӯҳои хушкигард, зудамал, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ, афсарони хадамоти махсуси назди президент, курсантҳо ва хизматчиёни дигар сохторҳо иштирок карданд.