https://sputnik.tj/20230907/zan-kudak-yaksola-khimcha-mezad-bozdosht-1059252302.html
Зане, ки кӯдаки яксолаашро бо химча мезад, боздошт шуд
Зане, ки кӯдаки яксолаашро бо химча мезад, боздошт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ боз як видеои дигари латтукӯби тифли хурдсол нашр шуд. Кормандони милитсияи вилояти Хатлон ин занро пайдо ва боздошт карданд
2023-09-07T09:03+0500
2023-09-07T09:03+0500
2023-09-07T09:03+0500
дар тоҷикистон
вкд
боздошт
зан
хатлон
лату кӯб
кӯдак
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/86/1024378639_0:0:2001:1125_1920x0_80_0_0_10f6c9bdd843c7b023bb729ea683e1dc.jpg
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки ин зане, ки кӯдакашро дар як навор латукӯб мекард аз сӯйи кормандони милитсия боздошт шудааст.Ахиран дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки зане духтарчаи хурдсолашро бо химча латукӯб мекунад ва мегӯяд ҳамааш аз пушти падарат!.“Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳритус як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, зани дар навор инъикосёфта дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд”, - иттилоъх додааст Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон.Ба иттилои ВКД ин нафар шаҳрванд Нурова Хоҳарвӣ Маҳмахолиқовна, соли таваллудаш 1995, сокини Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритус мебошад, ки духтари ноболиғаш Нурудинзодаи Закиябону, соли таваллудаш 2022-ро лату кӯб намудааст.Ба иттилои манбаъ, вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.Ёдовар мешавем, дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд дида мешавад, ки як зан кӯдаки оҷизро танҳо барои он ки либосашро чиркин кардааст, бо химча бераҳмона мезанад ва ҳар лаҳза таъкид мекунад, ки “бигузор авоят (яъне падарат) бубинад, ки ман туро чӣ кор мекунам! Ҳамааш аз пушти падарат! Ана акнун авоят тамошо кунад, ки ман туро чӣ хел мекушам! ”Ҳамчунин чанде пеш як зане, ки дар як навори дигар, фарзандашро бераҳмона латукӯб мекунад ахиран аз сӯйи мақомоти интизомии Тоҷикистон боздошт шуд.
https://sputnik.tj/20230905/modare-ki-dar-farzandi-ugayashro-berahmona-lutukub-kard-bozdosht-shud-1059235886.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/86/1024378639_62:0:1841:1334_1920x0_80_0_0_c76ca928f3954faec49249260c734620.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, боздошт, зан, латукӯб, фарзанд, кӯдак, милитсия, вкд, шаҳритус
тоҷикистон, хатлон, боздошт, зан, латукӯб, фарзанд, кӯдак, милитсия, вкд, шаҳритус
Зане, ки кӯдаки яксолаашро бо химча мезад, боздошт шуд
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ боз як видеои дигари латтукӯби тифли хурдсол нашр шуд. Кормандони милитсияи вилояти Хатлон ин занро пайдо ва боздошт карданд
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки ин зане, ки кӯдакашро дар як навор латукӯб мекард аз сӯйи кормандони милитсия боздошт шудааст.
Ахиран дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки зане духтарчаи хурдсолашро бо химча латукӯб мекунад ва мегӯяд ҳамааш аз пушти падарат!.
“Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳритус як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, зани дар навор инъикосёфта дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд”, - иттилоъх додааст Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон.
Ба иттилои ВКД ин нафар шаҳрванд Нурова Хоҳарвӣ Маҳмахолиқовна, соли таваллудаш 1995, сокини Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритус мебошад, ки духтари ноболиғаш Нурудинзодаи Закиябону, соли таваллудаш 2022-ро лату кӯб намудааст.
Ба иттилои манбаъ, вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд дида мешавад, ки як зан кӯдаки оҷизро танҳо барои он ки либосашро чиркин кардааст, бо химча бераҳмона мезанад ва ҳар лаҳза таъкид мекунад, ки “бигузор авоят (яъне падарат) бубинад, ки ман туро чӣ кор мекунам! Ҳамааш аз пушти падарат! Ана акнун авоят тамошо кунад, ки ман туро чӣ хел мекушам! ”
Ҳамчунин чанде пеш як зане, ки дар як навори дигар, фарзандашро бераҳмона латукӯб мекунад ахиран аз сӯйи мақомоти интизомии Тоҷикистон боздошт шуд.