Тоҷикистону Белорус ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ мегузаронанд

© Sputnik / Амир ИсаевБахтовар Сафарзода
Бахтовар Сафарзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2023
Обуна шудан
Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия вазъи феълии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷории ду кишвар баррасӣ шуда, дурнамо муайян мегардад
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Ҷаласаи 16-умикомиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Беларус, Бахтовар Сафарзода иттилоъ дода, афзуд, ки ҷаласаи комиссия охири моҳи сентябр дар назар мебошад.
Ва зимни ҳамоиши ҷашнӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Минск ҳамчунин аз тарҳҳое гуфт, ду кишвар сари он кор карда истодаанд.
Форум ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2023
Ҳамаи кишварҳои ИИАО рушдро таъмин кардаанд
Аз ҷумла зикр намуд, ки дар шаҳри Ҳисор таъсиси корхонаи нодири "Агротехсервис" оид ба васлкунии техникаи кишоварзии Белорус ва нигоҳдории он, инчунин корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти гӯшту шир дар шаҳри Душанбе такон барои таҳкими ҳамкориҳо хоҳанд шуд.
Таъмин ва истеҳсоли троллейбусҳо, васли муштараки лифтҳо ва дигар таҷҳизоти борбардори истеҳсоли ширкати "Могилевлифтмаш", қолинбофӣ, татбиқи лоиҳаҳои дигари саноатӣ омили рушди назарраси муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ хоҳанд шуд, гуфт дипломат.
Сафарзода таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар симои Беларус дӯсти самимӣ, боэътимод ва шарики стратегии худро мебинад ва ҳамкориҳо минбаъд низ амиқтар хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0