Аҳмадзода гуфт Истиқлол ба сокинони Тоҷикистон чӣ дод

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанРаджаббой Ахмадзода, глава Согдийской области
Раджаббой Ахмадзода, глава Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2023
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро муқаддастратин иди мардуми кишвар хонд, ки соли равон 32-юмин солгарди он таҷлил мешавад
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Истиқлоли давлатии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки кишвар ба марҳалаи сифатан нави рушд расад.
Ин нуктаро раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода дар паёми шодбошияш бахшида ба 32-солагии рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баён дошт.
Ӯ зикр намуд, ки пойдевори давлати навини тоҷикон, ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуда, дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидаст.
Ба гуфтаи Аҳмадзода, дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар кишвар, аз ҷумла дар вилояти Суғд новобаста аз таъсири буҳронҳо ва равандҳои мухталифи байналмилалӣ рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гардид.
Открытие площади Истиклол и архитектурного комплекса символа Истиклол в городе Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2023
Ҳар шом консерт: Тафсилоти барномаи таҷлил аз 32-солагии Истиқлоли Тоҷикистон
Дар тамоми соҳаҳо ва самтҳои ҳаёти ҷомеа тағйирот, ислоҳоту навсозиҳои бесобиқа амалӣ гардиданд, илова намуд вай.
Аҳмадзода таъкид намуд, ки сокинон барои тақвият бахшидани иқтидори иқтисодии кишвар, ҳифзу ҳимояи дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, иттиҳоду ҳамбастагии мардум ва сулҳу суботи комил пайваста саъю талош меварзанд.
"Мо бояд ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ эътибор дода, бо дарки аҳаммияти истиқлолу озодӣ ба масъалаи баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии аҳли ҷомеа ва ватандӯсту ватанпарвар тарбият ёфтани насли ҷавон таваҷҷуҳ намоем", - омадааст дар паём.
Вай даъват кардааст, ки сокинон якҷоягӣ ва иттиҳод сарзамини аҷдодиро боз ҳам ободу пешрафта гардонда, нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.
Лентаи хабарҳо
0