https://sputnik.tj/20230906/prokuraturai-generali-tojikiston-qotilon-shuhrat-ismatulloev-rad-1059251753.html
Прокуратураи генералии Тоҷикистон марги яке аз қотилони Шуҳрат Исматуллоевро рад кард
Прокуратураи генералии Тоҷикистон марги яке аз қотилони Шуҳрат Исматуллоевро рад кард
Sputnik Тоҷикистон
Додситонии кулли Тоҷикистон хабари марги яке аз қотилон Шуҳрат Исматуллоевро, ки дар расонаҳо нашр шуд, рад кард ва шарҳ дод
2023-09-06T20:37+0500
2023-09-06T20:37+0500
2023-09-07T02:48+0500
дар тоҷикистон
прокуратураи генералӣ
рад
қотил
зиндон
изҳорот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102811/27/1028112761_0:5:1600:905_1920x0_80_0_0_3aafec65e98ef94b84afcc5d173190e8.jpg
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Акбар Аҳмадов, ки дар рабудани ва куштори муовини раиси "Ориёнбонк" Шӯҳрат Исматуллоев гумонбар дониста мешавад, зинда аст.Дар ин бора дар баёнияи Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дода шудааст.Ба иттилои додситонӣ аз он паёмҳои видеоии Аҳмадов ва модараш, ки дар сомона нашр шудаанд, тасдиқ мекунанд.Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба он, ки қаблан хабар дар бораи марги Аҳмадов дар зиндон ва боздошти модараш дар расонаҳои Тоҷикистон нашр шуда буд, гуфт, ки прокуратура маводи нашршударо нодуруст медонад. Прокуратураи генералӣ таъкид кардааст, ки расонае, ки ин хабарро нашр кардааст, талаботи моддаи 14 ва 29 қонун "Дар бораи матбуоти даврӣ" дағалона нақз намудааст.Додситонӣ ҳамчунин зикр кард, ки онҳо барои рафъи қонуншиканиҳо ба нашрияе, ки ин матолибро нашр кардааст, дастури хаттӣ фиристодаанд.Феълан Аҳмадов дар зиндони шаҳри Душанбе қарор дорад.Ёдовар мешавем, ки шоми 23 июн дар шаҳри Душанбе муовини раиси "Ориёнбонк" Шӯҳрат Исматуллоев рабуда шуд.Тибқи иттилои расмӣ, ҷинояткорон Исматуллоевро бо зӯрӣ ба мошин савор карда, ба сӯи деҳаи Шодоб-1, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб бурданд.Тафтишот муайян кардааст, ки пас аз шиканҷа, ки чанд соат идома дошт, муовини раиси "Ориёнбонк" кушта шуда, ҷасади ӯ ҳамроҳ бо мошинаш ба дарё партофтаанд.Ин ҷиноятро Дилшод Саидмуродов роҳбарӣ кардааст. Дар ин ҷиноят ҳудуди 10 нафар даст доштанд, ки дар миёни онҳо Рустам Ашӯров, Шоҳрух Хуҷаев ва Акбар Аҳмадов низ буданд. Баъди ҳамла бархе аз гумонбарон ба хориҷ, аз ҷумла ба Русия фирор кардаанд.Охири моҳи август Вазорати корҳои дохилии Русия эълон кард, ки дар натиҷаи амалиёти муштараки ду кишвар ва баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ имкони боздошти ду гумонбар дар куштори як бонкдор дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.
https://sputnik.tj/20230815/kambudi-most-rahmon-rabudanu-kushtor-noibi-oriyonbonk-1058837099.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102811/27/1028112761_194:0:1406:909_1920x0_80_0_0_68b9a60c05c3d52bd73d79b3330b68a0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, прокуратур, генералӣ, марг, қотилон, шуҳрат исматуллоев, ориёнбонк, рад
тоҷикистон, прокуратур, генералӣ, марг, қотилон, шуҳрат исматуллоев, ориёнбонк, рад
Прокуратураи генералии Тоҷикистон марги яке аз қотилони Шуҳрат Исматуллоевро рад кард
20:37 06.09.2023 (Навсозишуда: 02:48 07.09.2023) Додситонии кулли Тоҷикистон хабари марги яке аз қотилони Шуҳрат Исматуллоевро, ки дар расонаҳо нашр шуд, рад кард ва онро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Акбар Аҳмадов, ки дар рабудани ва куштори муовини раиси "Ориёнбонк" Шӯҳрат Исматуллоев гумонбар дониста мешавад, зинда аст.
Дар ин бора дар баёнияи Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дода шудааст.
Ба иттилои додситонӣ аз он паёмҳои видеоии Аҳмадов ва модараш, ки дар сомона нашр шудаанд, тасдиқ мекунанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба он, ки қаблан хабар дар бораи марги Аҳмадов дар зиндон ва боздошти модараш дар расонаҳои Тоҷикистон нашр шуда буд, гуфт, ки прокуратура маводи нашршударо нодуруст медонад.
Прокуратураи генералӣ таъкид кардааст, ки расонае, ки ин хабарро нашр кардааст, талаботи моддаи 14 ва 29 қонун "Дар бораи матбуоти даврӣ" дағалона нақз намудааст.
Додситонӣ ҳамчунин зикр кард, ки онҳо барои рафъи қонуншиканиҳо ба нашрияе, ки ин матолибро нашр кардааст, дастури хаттӣ фиристодаанд.
Феълан Аҳмадов дар зиндони шаҳри Душанбе қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки шоми 23 июн дар шаҳри Душанбе муовини раиси "Ориёнбонк" Шӯҳрат Исматуллоев рабуда шуд.
Тибқи иттилои расмӣ, ҷинояткорон Исматуллоевро бо зӯрӣ ба мошин савор карда, ба сӯи деҳаи Шодоб-1, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб бурданд.
Тафтишот муайян кардааст, ки пас аз шиканҷа, ки чанд соат идома дошт, муовини раиси "Ориёнбонк" кушта шуда, ҷасади ӯ ҳамроҳ бо мошинаш ба дарё партофтаанд.
Ин ҷиноятро Дилшод Саидмуродов роҳбарӣ кардааст. Дар ин ҷиноят ҳудуди 10 нафар даст доштанд, ки дар миёни онҳо Рустам Ашӯров, Шоҳрух Хуҷаев ва Акбар Аҳмадов низ буданд. Баъди ҳамла бархе аз гумонбарон ба хориҷ, аз ҷумла ба Русия фирор кардаанд.
Охири моҳи август Вазорати корҳои дохилии Русия эълон кард, ки дар натиҷаи амалиёти муштараки ду кишвар ва баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ имкони боздошти ду гумонбар дар куштори як бонкдор дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.