https://sputnik.tj/20230906/payvand-chin-kishvar-iiao-beshtar-1059244550.html
Ҳамбастагии бештари Чин бо кишварҳои узви Иттиҳоди АвруОсиё
Ҳамбастагии бештари Чин бо кишварҳои узви Иттиҳоди АвруОсиё
Sputnik Тоҷикистон
Ба шарофати ҳамбастагии ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ" бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, Русия ва Чин метавонанд нуқтаҳои нави пайвандӣ пайдо кунанд
2023-09-06T17:07+0500
2023-09-06T17:07+0500
2023-09-06T17:45+0500
иттиҳоди иқтисодии уросиё
чин
иқтисод
сиёсат
ҳамкорӣ
таҳким
ташаббусҳо
сафир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058818896_0:0:3290:1850_1920x0_80_0_0_b319651d6280607ef765ed22516036da.jpg
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Ҳамоҳангсозии барномаи "Як камарбанд, як роҳ" бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё имкониятҳои нав фароҳам меорад. Ин нуктаро сафири Чин дар Русия, Чжан Ханхуэй зимни ҳамоиш бахшида ба 10-солагии ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ" арзёбӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, сухан дар бораи таҳкими шарикӣ дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт меравад. Вай ҳамкориро дар шароити кунунӣ махсусан муҳим хонда, афзудааст, ки он барои Чин ва Русия муҳим мебошад. Дипломат таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки феълан қисми умдаи маҳсулоти энергетикии Русия ба Чин равона мегардад. Ӯ бо таъкиди таҳкими тиҷорат миёни Маскаву Пекин илова намуд, ки ҳамоҳангсозии меъёрҳо дар самти танзими пардохтҳо ва ҳисоббаробаркуниҳо идома доранд. Ханхуэй бо зикри афзоиши тарафайни донишҷӯёни русиягӣ ва чинӣ дар қаламрави ҳамдигар аз таҳкими ҳамкориҳо дар бахши гуманитарӣ истиқбол намудаст. Вай изҳори боварӣ намудаст, ки заминаю зарфияти нави ҳамкориҳо миёни Чин ва кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар доираи ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ" бештар мегардад.
https://sputnik.tj/20230903/lavrov-taboduli-kolo-qalamravi-iiao-puli-milli-1059196250.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058818896_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_f9bae7a458194709ff114fc0c15340d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамкорӣ, таҳким, авруосиё, чин, иқтисодӣ
ҳамкорӣ, таҳким, авруосиё, чин, иқтисодӣ
Ҳамбастагии бештари Чин бо кишварҳои узви Иттиҳоди АвруОсиё
17:07 06.09.2023 (Навсозишуда: 17:45 06.09.2023) Ба шарофати ҳамбастагии ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ" бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, Русия ва Чин метавонанд нуқтаҳои нави пайвандӣ пайдо кунанд
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Ҳамоҳангсозии барномаи "Як камарбанд, як роҳ" бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Ин нуктаро сафири Чин дар Русия, Чжан Ханхуэй зимни ҳамоиш бахшида ба 10-солагии ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ" арзёбӣ намуд.
Ба гуфтаи ӯ, сухан дар бораи таҳкими шарикӣ дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт меравад.
"Ҳамбастагии ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ" бо ИИАО маънои имконоти нав барои ҳамкориҳои моро дорад. <...> Ман боварӣ дорам, ки ин ҳамоҳангӣ ба таҳкими ҳамкориҳои мо мусоидат мекунад", - изҳор доштаст сафир.
Вай ҳамкориро дар шароити кунунӣ махсусан муҳим хонда, афзудааст, ки он барои Чин ва Русия муҳим мебошад.
Дипломат таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки феълан қисми умдаи маҳсулоти энергетикии Русия ба Чин равона мегардад.
Ӯ бо таъкиди таҳкими тиҷорат миёни Маскаву Пекин илова намуд, ки ҳамоҳангсозии меъёрҳо дар самти танзими пардохтҳо ва ҳисоббаробаркуниҳо идома доранд.
Ханхуэй бо зикри афзоиши тарафайни донишҷӯёни русиягӣ ва чинӣ дар қаламрави ҳамдигар аз таҳкими ҳамкориҳо дар бахши гуманитарӣ истиқбол намудаст.
Вай изҳори боварӣ намудаст, ки заминаю зарфияти нави ҳамкориҳо миёни Чин ва кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар доираи ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ" бештар мегардад.