Бузургтарини ширкати ритейлери Русия вориди бозори Тоҷикистон мешавад

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийГрузовые фуры, архивное фото
Грузовые фуры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2023
Обуна шудан
Ширкати русиягӣ ният дорад, дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон нуқтаҳои супоридани колои фармоишӣ кушояд ва дар оянда маркази логистикиро ифтитоҳ кунад
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Ширкати Wildberries, ки бузургтарин ритейлери русиягӣ мебошад, омодагияшро барои вуруд ба бозори Тоҷикистон баён доштааст.
Дар ин бора намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, масъалаи вуруди Wildberries дар мулоқоти намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков ва намояндаи ширкат, Сардор Қодиров баррасӣ шудаст.
Таъкидшудаст, ки Wildberries дурнамои рушди тиҷорат ва ҳамлу нақл дар Тоҷикистонро баланд арзёбӣ кард.
Флаги ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2023
Дар ИИАО 40 стандарти бехатарии маҳсулотро таҳия мекунанд
Намояндаи ширкат, Сардор Қодиров изҳор доштааст, ки ояндаи наздик нияти ифтитоҳи нуқтаҳои супоридани колои фармоишӣ дар ҳудуди Тоҷикистонро доранд.
Вай афзудааст, ки дар пайи ин дар барномаи корашон кушодани маркази логистикӣ низ мебошад.
Таъкид шудаст, ки ин иқдом дар баробари вуруди мол барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки вақтҳои охир ширкатҳои бузурги Русия майли вуруд ба бозори Тоҷикистон мекунанд.
Русия ҳамоно бузургтарин шарики тиҷории Тоҷикистон боқӣ мемонад, ки ҷумҳуриро бо маҳсулоти мухталифи таъйиноти гуногун, аз маводи сӯзишворӣ то чӯбу тахта таъмин мекунад.
Лентаи хабарҳо
0