https://sputnik.tj/20230905/vaziri-khorija-dabiri-kulli-saad-masaala-barrasi-1059233387.html
Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо дабири кулли СААД чӣ масаъаларо баррасӣ кард?
Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо дабири кулли СААД чӣ масаъаларо баррасӣ кард?
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъи бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад ва алакай бо вазири хориҷаи Тоҷикистон дидору мулоқот кард
2023-09-05T19:10+0500
2023-09-05T19:10+0500
2023-09-05T19:10+0500
дар тоҷикистон
саад
сироҷиддин муҳриддин
душанбе
мулоқот
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/05/1059233142_0:81:1200:756_1920x0_80_0_0_5c3539956123fa27133761fdcf93a13a.jpg
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Имангали Тасмагамбетов дидору гуфтугӯ кардюБа иттилои дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон дабири кулли СААД дар кишвар бо сафари корӣ қарор дорад.Қайд карда шуд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи СААД-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.Инчунин дар мулоқот, дар бораи муҳтавоии ҷаласаи муштараки Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шуроҳои амният, инчунин иҷлоси Шурои амнияти дастаҷамъии СААД, ки нимаи дуюми моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Беларус ба нақша гирифта шудааст, табодули афкор анҷом доданд.Вазорати хориҷаи кишвар таъкид кардааст, ки вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум доир гардид.Маврид ба зикр аст, ки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз 6 давлат – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иборат мебошад.
https://sputnik.tj/20230905/rahbar-khf-tojikiston-nishast-spad-shirkat-1059228372.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/05/1059233142_71:0:1138:800_1920x0_80_0_0_e120d9bb2bd4a4504f558ab91eba82f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, саад, мулоқот, сироҷиддин муҳриддин, дабири кулли саад, душанбе, вазири хориҷа
тоҷикистон, саад, мулоқот, сироҷиддин муҳриддин, дабири кулли саад, душанбе, вазири хориҷа
Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо дабири кулли СААД чӣ масаъаларо баррасӣ кард?
Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъи бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад ва алакай бо вазири хориҷаи Тоҷикистон дидору мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Имангали Тасмагамбетов дидору гуфтугӯ кардю
Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон дабири кулли СААД дар кишвар бо сафари корӣ қарор дорад.
Қайд карда шуд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи СААД-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин дар мулоқот, дар бораи муҳтавоии ҷаласаи муштараки Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шуроҳои амният, инчунин иҷлоси Шурои амнияти дастаҷамъии СААД, ки нимаи дуюми моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Беларус ба нақша гирифта шудааст, табодули афкор анҷом доданд.
Вазорати хориҷаи кишвар таъкид кардааст, ки вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум доир гардид.
Маврид ба зикр аст, ки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз 6 давлат – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иборат мебошад.