Сарпарасти вазорати дохилаи толибҳо*: мушкили таълими бонувон ҳал хоҳад шуд

© AFP 2023 / Aamir QureshiСтуденты во время урока в университете в Кабуле
Студенты во время урока в университете в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2023
Обуна шудан
Сарпарасти вазорати дохилаи толибон* ахиран эълон кардааст, ки таълими бонувони ниёзи ҷомеъа моаст ва бо дар назардошти шароити ин мушкил рафъ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Сарпарасти вазорати умури дохила Сироҷиддин Ҳаққонӣ, дар дидор бо ҳайати созмони ҳамкориҳои исломӣ таъкид кардааст, ки таълими ниёзи муштарак мусулмонон аст ва аз ҳайати ёдшуда хост, ки дар ин арса аз сабр ва ҳавсила дошта бошанд, иттилоъ додааст “Радио дарӣ”.
Вай ҳамчунон итминон дод, ки барои рафъи ҳар мушкили машруъ ба талошҳои худ идома хоҳанд дод.
Дар ин нишаст аъзои ин созмон аз таъмини амният ва субот дар Афғонистон ситоиш карда афзуданд, ки "Иморати исломӣ" тавонист дар ҷараёни ду соли илова бар таъмини амнияти сартосарӣ дар арсаҳои мухталифи дастоовардҳои хӯбt касб кунад.
Туркестано-Сибирская магистраль - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2023
Ҳукумати феълии Афғонистон ба роҳи оҳани Хоф – Ҳирот умед дорад
Ба гуфта аъзои ин созмон, толибон бо аъмоли сиёсати беҳтар тавонистааст саботи афғониро ҳифз кунад ва бо ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои ҷиноӣ ва хавориҷ, манъи кишту қочоқи маводи мухаддир, муборизаи муваффақонаро анҷом диҳад.
Ҳайати созмони ҳамкориҳои исломӣ, таълимро ҳақи яксони зану марди хонданд ва афзуданд, ки илова бар таълими динӣ, улуми асрӣ ба пешрафт ва тараққӣ кишвари роҳро ҳамвор мекунад.
*-созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои терррористӣ таҳти таҳримҳои толибҳо қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0