Таркишҳо, сӯхтор, радиатсия: Машқҳои наҷотдиҳандагони СПАД дар наздикии Борисов – видео

Обуна шудан
Беҳтарин лаҳзаҳои машкҳои наҷотдишандагони СПАД дар вилояти Борисов таҳти унвони дар "Тахтисанг-2023", сурат гирифт, дар видеои Sputnik тамошо кунед
Наҷотдиҳандагони Белорус бо ҳамкасбонаш аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ахиран дар машқҳои махсуси воҳидҳои наҷотдиҳии кишварҳои узви СПАД "Тахтисанг-2023", ки бори аввал дар қаламрави Беларус баргузор мешаванд, фаъолияти муштаракро намоиш доданд.
Машқҳо дар доираи тамринҳои низомии СПАД "Бародарии чангй" сурат гирифтааст.
Мақсади асосии машқҳо дар урдугоҳҳо ҳамоҳангии муштараки воҳидҳо дар сурати садамаи бузурги радиатсионӣ, ки метавонад дар ҳавопаймо, роҳи оҳан, дар бинои харобшуда ё дар дигар ҷойҳо рух диҳад.
Раҳбари КҲФ Тоҷикистон дар нишасти СПАД ширкат мекунад
Наҷотдиҳандагон дар ҷараёни машқҳо сенарияҳои гуногуни изтирорӣ, аз қабили иктишофи радиатсионӣ дар минтақа, рафъи садама дар нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоӣ, инчунин корҳои наҷотдиҳӣ дар биноҳои харобшуда ва баландиҳоро тамрин карданд.
Дар машқҳо хомӯш кардани сӯхтори дар ҳавопаймо, бо чархбол берун овардани одамон аз бинои баландошёна ва хомӯш кардани либосҳои оташгирифта ёрии тиббӣ расонидан ба осебдидагон.
Дар ин машқҳо дар маҷмӯъ беш аз 380 нафар ва 94 адад техника ҷалб шудаанд. Машқҳо дар 12 иншоот ва шаш мавзеъ гузаронида шуданд.
Лентаи хабарҳо
0