Табиби тими миллии Тоҷикистон ҷони як мусофири ҳавопайморо наҷот дод

© Sputnik / Амир ИсаевФаррух Авезов во время оказания помощи футболисту. Архивное фото
Фаррух Авезов во время оказания помощи футболисту. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2023
Обуна шудан
Дар он лаҳза, ки дастаи Тоҷикистон ба Сингапур парвоз мекард, халабони ҳавопаймо гуфта буд, ки яке аз мусофирон ба ёрии тиббӣ ниёз дорад
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Табиби тими миллии Тоҷикистон ва бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе Фаррух Авезов ҷони як марди савори ҳавопайморо наҷот дод.
Дар ин бора аз Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки ҳавопаймо бо футболбозони тоҷик аз Истанбул ба Сингапур парвоз мекард, дар он ҷо бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Дар як лаҳза халабони ҳавопаймо хабар дод, ки яке аз мусофирон ба ёрии тиббӣ ниёз дорад.
Табиби тоҷик сари вақт пас аз муроҷиат барои расонидани кӯмак ба як зане, ки дар ҳолати вазнин қарор дошт, ҳозир шуд. Вай наҷот ёфт, қайд кард ФФТ.
Фаррух Авезов беш аз 25 сол боз дар Тоҷикистон ба ҳайси табиби варзиш кор мекунад.
Ӯ ҳатто барои дастовардҳои барҷаста дар соҳаи тибби варзишӣ бо медали тиллои Конфедератсияи футболи Осиё мукофотонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 8 сентябр дар Сингапур дар варзишгоҳи Бишан бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Сингапур ва Тоҷикистон баргузор мешавад.
Сегрт ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон 19 бозигарро даъват кард
Қаблан дар сатҳи тимҳои миллӣ футболбозони сингапурӣ ва тоҷик се бор бо ҳам вохӯрданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (1:0) пирӯз шуд. Мунтахаби Сингапур як маротиба (2:0) - дар даври интихоби Ҷоми ҷаҳон-2010 пирӯз шуд. Бозии дигар миёни дастаҳо дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 мусовӣ (1:1) анҷом ёфт.
Лентаи хабарҳо
0