Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин нозиёнро душманони Русия хонд

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия ахиран гуфт, ки кишвараш дар Украина бо нозиёни ғайриинсон ва пайравонашон меҷангад ва онҳо душманони кишвар хастанд
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Душмани Русия на мардуми Украина, балки нозиёни ғайриинсонӣ ва “пайравони онҳо ҳастанд”, гуфт Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар ҷаласаи кумитаи тадорукоти “Победа”.
“Нофаҳмӣ набошад, ки мо бо кӣ меҷангем, маълум ва равшан аст, ки мо чӣ ҳадафҳоро дунбол мекунем ва рақиби мо кист – на мардуми Украина, балки ғайриинсонҳо (нозиён) ва пайравони онҳо”, - гуфт Путин.
Ҳамчунин раисҷумҳури Русия илова кард, ки мақомоти кунунии Украина қаҳрамонон - қотилони хунхоро қаҳрамон кардаанд ва бо аксҳои онҳо дар маркази шаҳр гирдиҳамоиӣ роҳандозӣ мекунанд.
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Турции Р. Т. Эрдоганом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2023
Аз созиши ғалла то вазъияти Украина: музокироти Путин ва Эрдуғон дар Сочи анҷом ёфт
"Мо бояд нишон диҳем, ки дар оянда чунин ҳодиса такрор нашавад, нишон диҳем, ки мақомоти кунунии Украина киро ба минбар гузоштаанд ва киро ситоиш кардаанд. Охир, мо гуфтем, ки ҳама корро бо тартиб бояд кард”, гуфт Путин.
Президент қайд кард, ки ҳангоми ба ҳуҷҷатҳои бойгонӣ дар бораи ҷанги дуюми ҷаҳон назар кардан бе ашк ғайри имкон аст.
Лентаи хабарҳо
0