Ҳунарманди мардумии Ӯзбекистону Тоҷикистон Шералӣ Ҷӯраев даргузашт

© © Sputnik / Амир ИсаевШерали Джураев
Шерали Джураев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2023
Обуна шудан
Шералӣ Ҷӯраев дар синни 77-солагӣ даргузашт. Сабаби марги устоди ҳунар дақиқ маълум нест, аммо маълум аст, ки чанде пеш ӯ сахт бемор буд
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Ҳунарманди маъруфи Ӯзбекистону Тоҷикистон Шералӣ Ҷӯраев даргузашт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон хабар додааст.
Устоди ҳунар рӯзи 4 сентябр дар синни 76-солагӣ даргузашт. Сабаби маргаш маълум нест, аммо маълум аст, ки чанде пеш ӯ сахт бемор буд.
"Бахши фарҳанг ва санъат талафоти ҷиддиро аз сар мегузаронад", - омадааст дар изҳороти Вазорати фарҳанг.
Шералӣ Ҷӯраев соли 1947 дар шаҳри Асакаи вилояти Андиҷон таваллуд шудааст. Соли 1976 курси охирини Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистонро хатм кардааст.
Вай сафари 50-солаи ҳунарии худро дар ансамбли тарона ва рақси "Шодлик" оғоз карда, баъдан дар филармония фаъолияташро идома додааст.
Ҷӯраев беш аз ҳазор суруд навишта, зиёда аз 600 асар иҷро кардааст.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2023
Даргузашти ҳунарманди шинохтаи театри Тоҷикистон
Ӯ ҳамчунин муаллифи консерти театрии "Таърих месарояд", стсенарист ва иҷрокунандаи нақши асосӣ дар филми бадеии "Шералӣ ва Ойбарчин" мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷӯраев унвони фахрии “Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон”-ро соли 2018 дарёфт кард.
Ин унвонро ба ӯ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзандааш дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ дод.
Лентаи хабарҳо
0