https://sputnik.tj/20230904/ukraina-sozishnoma-idm-khorij-1059212564.html
Украина аз бархе созишномаҳои ИДМ хориҷ мешавад
Украина аз бархе созишномаҳои ИДМ хориҷ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Рада - порлумони Украина хуруҷи ин кишвар аз бархе созишномаҳои байналмилалӣ дар доираи ИДМ—ро баррасӣ хоҳад кард
2023-09-04T16:32+0500
2023-09-04T16:32+0500
2023-09-04T16:32+0500
украина
идм
созишнома
хориҷ
рада
верховная рада
парлумон
сиёсат
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/01/1046379607_0:150:3109:1899_1920x0_80_0_0_a8e5f108ab50a47c51bee514e862bae3.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Намояндаи ҳукумати Украина Тарас Мелничук дар порлумон ахиран дар як канали Telegram навиштааст, ки Радаи Украина тарҳи қонун дар бораи хуруҷи ин кишвар аз баъзе созишномаҳои байналмилалӣ дар чаҳорчӯби ИДМ-ро баррасӣ хоҳад кард."Кумитаи сиёсати хориҷӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ ба Радаи Украина тавсия дод, ки лоиҳаи қонуни ҳукуматро дар бораи хуруҷ аз баъзе шартномаҳои байналмилалии Украина, ки дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баста шудаанд, баррасӣ хоҳанд кард", - гуфт Мелничук.Ба гуфтаи Мелничук, хориҷ шудан аз созишнома дар бораи озод кардан аз пардохти боҷ, андоз ва додани иҷозаи махсус барои ҳамлу нақл, стандартҳо, асбобҳои ченкунӣ ва намунаҳои стандартиро, ки бо мақсади санҷиш ва метрологӣ интиқол дода мешаванд, пешбинӣ мекунад.Ин созишнома 10 феврали соли 1995 дар Алма-Ато ба имзо расида буд. Илова бар ин, масъалаи хуруҷ аз ҳамин гуна протоколе, ки 22 ноябри соли 2007 дар Ишқобод ба имзо расида буд, баррасӣ мешавад.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Микаэл Агасандян, директори департаменти аввали кишварҳои ИДМ дар Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки ҳукумати Украина қонунан то ҳол узви ИДМ боқӣ мемонад ва то ҳоли ҳозир узви беш аз 150 шартномаи байналмилалие мебошад, ки тавассути Иттиҳод ба имзо расидаанд,.
https://sputnik.tj/20230904/vaziri-difoi-ukraina-istefo-dod-1059203841.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/01/1046379607_189:0:2920:2048_1920x0_80_0_0_78027d942a3701e78c4dbcdc117dc098.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
идм, украина, созишнома, хориҷ, байналмилалӣ, қонун, барраӣ, парлумон, рада
идм, украина, созишнома, хориҷ, байналмилалӣ, қонун, барраӣ, парлумон, рада
Украина аз бархе созишномаҳои ИДМ хориҷ мешавад
Рада - порлумони Украина хуруҷи ин кишвар аз бархе созишномаҳои байналмилалӣ дар доираи ИДМ—ро баррасӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Намояндаи ҳукумати Украина Тарас Мелничук дар порлумон ахиран дар як канали Telegram навиштааст, ки Радаи Украина тарҳи қонун дар бораи хуруҷи ин кишвар аз баъзе созишномаҳои байналмилалӣ дар чаҳорчӯби ИДМ-ро баррасӣ хоҳад кард.
"Кумитаи сиёсати хориҷӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ ба Радаи Украина тавсия дод, ки лоиҳаи қонуни ҳукуматро дар бораи хуруҷ аз баъзе шартномаҳои байналмилалии Украина, ки дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баста шудаанд, баррасӣ хоҳанд кард", - гуфт Мелничук.
Ба гуфтаи Мелничук, хориҷ шудан аз созишнома дар бораи озод кардан аз пардохти боҷ, андоз ва додани иҷозаи махсус барои ҳамлу нақл, стандартҳо, асбобҳои ченкунӣ ва намунаҳои стандартиро, ки бо мақсади санҷиш ва метрологӣ интиқол дода мешаванд, пешбинӣ мекунад.
Ин созишнома 10 феврали соли 1995 дар Алма-Ато ба имзо расида буд. Илова бар ин, масъалаи хуруҷ аз ҳамин гуна протоколе, ки 22 ноябри соли 2007 дар Ишқобод ба имзо расида буд, баррасӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Микаэл Агасандян, директори департаменти аввали кишварҳои ИДМ дар Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки ҳукумати Украина қонунан то ҳол узви ИДМ боқӣ мемонад ва то ҳоли ҳозир узви беш аз 150 шартномаи байналмилалие мебошад, ки тавассути Иттиҳод ба имзо расидаанд,.