Даҳҳо задухӯрди толибҳо бо марзбонони кишварҳои ҳамсоя: Айби кӣ?

© AFP 2023 / Mohd RasfanЧлены движения Талибан стоят на холме Вазир Акбар Хан в Кабуле
Члены движения Талибан стоят на холме Вазир Акбар Хан в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2023
Обуна шудан
Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии ҳукумати толибҳо бо таъйиди сар задани задухӯрдҳо дар давоми ду соли охир бо кишварҳои ҳамсоя, омилҳои онро ном бурд
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Дар давоми 2 соли ҳукуматдории Толибон* дар Афғонистон бо марзбонони кишварҳои хориҷӣ тақрибан 50 задухӯрд сурат гирифтааст.
Дар ин бора сухангӯи вазорати умури дохилии Толибон*, Абдулматин Канӣ дар суҳбат бо и хабаргузории TOLOnews иттилоъ додаст.
Вай афзудааст, ки ҳолатҳои даргирии марзӣ бо сарҳадбонони Покистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба вуқӯъ пайвастаанд.
Сухангӯи мақомоти умури дохилии толибҳо таъкид намудааст, ки дар ҳеч яке аз ҳолатҳои даргирии марзӣ толибҳо гунаҳкор набудаанд.
Вай изҳори боварӣ намудааст, ки даргириҳо бо айби марзбонҳои кишварҳои ҳамсоя рух додаанд.
Солдат талибов в Кабуле. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2023
Дипломати эронӣ: Дар таърихи Афғонистон ҳеч нерӯе ба танҳоӣ қудратро ҳифз накардааст
Дар баробари ин ҳолатҳои ҳамлаи мушакӣ ба қаламрави Афғонистон низ сабт шудаанд, афзуд ӯ. Ин мақомдор иттилоъ додааст, ки дар давоми ду соли ҳукуматдории толибҳо 15 мавриди ҳамлаи мушакӣ ба Афғонистон аз қаламрави ин кишварҳо сабт шудааст.
Вай таъкид намудааст, ки сарҳади заминӣ ва фазои ҳавоии кишварро таҳти назораташон қарор додаанд.
Қаблан мақомдорҳои толибҳо изҳор дошта буданд, ки нияти густариши нуфузашонро ба кишварҳои ҳамсоя надоранд ва ҳеч хатаре ба кишварҳои хориҷӣ аз қаламрави Афғонистон таҳдид намекунад.
* - ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад
Лентаи хабарҳо
0