Фурудгоҳ дарвоза аст: Раиси Суғд кормандони авиатсияи тоҷикро шодбош гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевМеждународный аэропорт Худжанда. Архивное фото
Международный аэропорт Худжанда. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2023
Обуна шудан
Рӯзи парвози нахустин ҳавопаймо ба шаҳри Душанберо, ки соли 1924 сурат гирифт, дар Тоҷикистон ҳамчун иди касбии кормандони авиатсия ҷашн мегиранд
ДУШАНБЕ, 3 сен – Sputnik. Раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода кормандони соҳаи ҳавонавардии Тоҷикистон ва собиқадорони бахшро бо иди касбиашон шодбош гуфт.
Ҳамасола дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон кормандони соҳаи авиатсияи кишвар низ иди касбии худро таҷлил менамоянд, ки ба 3 сентябр рост меояд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, Аҳмадзода дар паёми шодбошияш зикр намудаст, ки ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегии рушди кишвар муайян шудаст.
Ӯ зикр намуд, ки авиатсияи гражданӣ дар кишвар рушд ёфт, робитаҳо тавассути роҳҳои ҳавоӣ бо даҳҳо кишварҳои хориҷи дуру наздик роҳандозӣ гардидаст.
Сохтмони иншооти нав дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2023
Аҳмадзода хост, иншооти нав дар фурудгоҳи Хуҷанд босифат сохта шаванд
"Басо рамзист, ки фурудгоҳ дарвозаи рамзии кишвар буда, меҳмонон аз хориҷи дуру наздик тасаввуроти аввалинро аз маданияту фарҳанги давлату миллат аз ҳамин даргоҳ пайдо мекунанд", - гуфт ӯ.
Аҳмадзода бо зикри ин нукта таъикд намуд, ки ин масъулияти баланд кормандони фурудгоҳро водор месозад, ки ба анъанаҳои аҷдодӣ содиқ монда, фарҳанги тоҷиконро ба меҳмонон муаррифӣ намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки расо 99 сол қабл, 3 сентябри соли 1924 тайёраи тамғаи Ю-13 нахустин бор аз Бухоро ба Душанбе парвоз карду ба таърихи ҳавонавардии Тоҷикистон оғоз бахшид.
Лентаи хабарҳо
0