https://sputnik.tj/20230902/peshnihod-tojikiston-qabul-idm-shuro-hamohangsoz-1059180050.html
Пешниҳоди Тоҷикистон қабул шуд: Дар ИДМ Шӯрои нави ҳамоҳангсоз таъсис меёбад
Пешниҳоди Тоҷикистон қабул шуд: Дар ИДМ Шӯрои нави ҳамоҳангсоз таъсис меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Бо ташаббуси Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Шурои ҳамоҳангсозии театрҳои опера ва балети кишварҳои ИДМ таъсис хоҳад ёфт
2023-09-02T10:21+0500
2023-09-02T10:21+0500
2023-09-02T11:04+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
шӯро
идм
таъсис
театр
театри опера ва балети ба номи айнӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/04/1032945747_226:0:1204:550_1920x0_80_0_0_272020a76f3aabf693e7df13ac5f7b0d.jpg
ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Роҳбари театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Камолиддин Сайфиддинзода дар Фестивал - симпозиуми байналмилалӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар бораи таъсиси Шурои ҳамоҳангсозии театрҳои опера ва балети кишварҳои ИДМ пешниҳод кардааст.Тавре сомони “Ҷумҳурият” хабар додааст, ахиран рассомон, сарояндаҳо, дипломатҳо дар пойтахти фарҳангии ИДМ-2023 – Санкт-Петербург барои муайян намудани имкониятҳои нав дар соҳаи санъат ва эҷоди муоширати муассири байнифарҳангӣ ҷамъ омаданд.Фестивал – симпозиуми байналмилалӣ як лоиҳаи Фонди ҷамъиятии хайрияи Ирина Богачёва мебошад, ки дар якҷоягӣ бо доираҳои эҷодӣ ва иҷтимоии Русия амалӣ мешавад.Дар Фестивал директори Театри давлатии академии опреа ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Камолиддин Сайфиддинзода сухан ронда, дар бораи рушди босуръати робитаҳои театрҳо тавсеаи муколамаи байнифарҳангӣ дар ИДМ таъкид намуд.Ҳамчунин, пешниҳод кард, ки Шурои ҳамоҳангсозии театрҳои опера ва балети кишварҳои ИДМ таъсис дода шавад.“Табодули таҷриба, ҳалли фаврии мушкилот, таъсиси фазои ягонаи электронии асарҳои муаллифони мусиқии муосир самаранокии муносибатҳои моро афзоиш медиҳад ва ин ба мо имконияти бохабар будан аз рӯйдодҳои ҳаёти фарҳангии ҳамдигарро хоҳад дод”, – гуфт Камолиддин Сайфиддинзода.Пешниҳод аз ҷониби дигарон дастгирӣ ёфт ва онҳо, аллакай, ба татбиқи лоиҳа шуруъ карданд.Ба иттилои манбаъ, Шурои ҳамоҳангсозӣ як ниҳоди коллегиалӣ хоҳад шуд, ки дар он ба театри тоҷик ҳамчун ташаббускори таъсиси ниҳод то соли 2025 ҳаққи роҳбарӣ дода мешавад.
https://sputnik.tj/20230726/farhang-sokhtmon-teatri-millii-tojikiston-1058447144.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/04/1032945747_348:0:1081:550_1920x0_80_0_0_bb6cbfc68c252310e96217f4d44ca901.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, фарҳанг, идм, пешниҳод, қабул, ҳамоҳангсоз, шӯро, таъсис,еатри давлатии академии опера ва балети ба номи садриддин айнӣ
тоҷикистон, фарҳанг, идм, пешниҳод, қабул, ҳамоҳангсоз, шӯро, таъсис,еатри давлатии академии опера ва балети ба номи садриддин айнӣ
Пешниҳоди Тоҷикистон қабул шуд: Дар ИДМ Шӯрои нави ҳамоҳангсоз таъсис меёбад
10:21 02.09.2023 (Навсозишуда: 11:04 02.09.2023) Бо ташаббуси Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Шурои ҳамоҳангсозии театрҳои опера ва балети кишварҳои ИДМ таъсис хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Роҳбари театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Камолиддин Сайфиддинзода дар Фестивал - симпозиуми байналмилалӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар бораи таъсиси Шурои ҳамоҳангсозии театрҳои опера ва балети кишварҳои ИДМ пешниҳод кардааст.
Тавре сомони “Ҷумҳурият” хабар додааст, ахиран рассомон, сарояндаҳо, дипломатҳо дар пойтахти фарҳангии ИДМ-2023 – Санкт-Петербург барои муайян намудани имкониятҳои нав дар соҳаи санъат ва эҷоди муоширати муассири байнифарҳангӣ ҷамъ омаданд.
Фестивал – симпозиуми байналмилалӣ як лоиҳаи Фонди ҷамъиятии хайрияи Ирина Богачёва мебошад, ки дар якҷоягӣ бо доираҳои эҷодӣ ва иҷтимоии Русия амалӣ мешавад.
Дар Фестивал директори Театри давлатии академии опреа ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Камолиддин Сайфиддинзода сухан ронда, дар бораи рушди босуръати робитаҳои театрҳо тавсеаи муколамаи байнифарҳангӣ дар ИДМ таъкид намуд.
Ҳамчунин, пешниҳод кард, ки Шурои ҳамоҳангсозии театрҳои опера ва балети кишварҳои ИДМ таъсис дода шавад.
“Табодули таҷриба, ҳалли фаврии мушкилот, таъсиси фазои ягонаи электронии асарҳои муаллифони мусиқии муосир самаранокии муносибатҳои моро афзоиш медиҳад ва ин ба мо имконияти бохабар будан аз рӯйдодҳои ҳаёти фарҳангии ҳамдигарро хоҳад дод”, – гуфт Камолиддин Сайфиддинзода.
Пешниҳод аз ҷониби дигарон дастгирӣ ёфт ва онҳо, аллакай, ба татбиқи лоиҳа шуруъ карданд.
Ба иттилои манбаъ, Шурои ҳамоҳангсозӣ як ниҳоди коллегиалӣ хоҳад шуд, ки дар он ба театри тоҷик ҳамчун ташаббускори таъсиси ниҳод то соли 2025 ҳаққи роҳбарӣ дода мешавад.