https://sputnik.tj/20230901/tedod-khonanda-tojikiston-mln-nafar-1059164038.html
Теъдоди хонандаҳо дар Тоҷикистон қариб 1 млн нафар афзудаст
Теъдоди хонандаҳо дар Тоҷикистон қариб 1 млн нафар афзудаст
Sputnik Тоҷикистон
Суръати баланди афзоиши аҳолӣ ва мутаносибан зиёд шудани теъдоди хонандаҳо дар Тоҷикистон аз омилҳои таъсиррасон рушди маориф дар кишвар арзёбӣ шуд
2023-09-01T11:39+0500
2023-09-01T11:39+0500
2023-09-01T12:19+0500
дар тоҷикистон
маориф
душанбе
таҳсил
аҳолӣ
хонанда
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/02/1051113817_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_29a1984aaa9eeb3caf3c246199033f8e.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Теъдоди хонандагон дар макотиби Тоҷикистон дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 900 ҳазор нафар афзоиш ёфтаанд. Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар дарси сулҳ дар ноҳияи Данғара баён дошт. Ба гуфтаи ӯ, дар соли таҳсили 1991 - 1992 шумораи хонандагон дар кишвар 1,32 млн нафарро ташкил медод, ки ин нишондиҳанда дар соли таҳсили 2022 – 2023 ба 2,23 млн нафар расидааст. "Баъзе таҳлилгарон корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардидаро нодида мегиранд. Онҳо фаромӯш кардаанд, ки аҳолии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ қариб ду баробар зиёд гардид. Яъне талабот ба мактаб ва ҷойи нишаст барои хонандагон зиёд мешавад", - гуфт ӯ.Ба иттилои раисҷумҳур, танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 57 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо 15 ҳазор ҷойи нишаст сохта шудаанд. Вай илова намуд, ки тибқи нақша то охири соли ҷорӣ ба истифода супоридани зиёда аз 200 мактаби дигар дар назар дошта шудааст.
https://sputnik.tj/20230901/prezident-bino-donishgoh-tibbii-khatlon-1059162776.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/02/1051113817_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_35ada251ad176c3979e2e32edd66b3df.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, шумора, хонанда, тоҷикистон
афзоиш, шумора, хонанда, тоҷикистон
Теъдоди хонандаҳо дар Тоҷикистон қариб 1 млн нафар афзудаст
11:39 01.09.2023 (Навсозишуда: 12:19 01.09.2023) Суръати баланди афзоиши аҳолӣ ва мутаносибан зиёд шудани теъдоди хонандаҳо дар Тоҷикистон аз омилҳои таъсиррасон рушди маориф дар кишвар арзёбӣ шуд
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Теъдоди хонандагон дар макотиби Тоҷикистон дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 900 ҳазор нафар афзоиш ёфтаанд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар дарси сулҳ дар ноҳияи Данғара баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар соли таҳсили 1991 - 1992 шумораи хонандагон дар кишвар 1,32 млн нафарро ташкил медод, ки ин нишондиҳанда дар соли таҳсили 2022 – 2023 ба 2,23 млн нафар расидааст.
"Баъзе таҳлилгарон корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардидаро нодида мегиранд. Онҳо фаромӯш кардаанд, ки аҳолии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ қариб ду баробар зиёд гардид. Яъне талабот ба мактаб ва ҷойи нишаст барои хонандагон зиёд мешавад", - гуфт ӯ.
Ба иттилои раисҷумҳур, танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 57 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо 15 ҳазор ҷойи нишаст сохта шудаанд.
Вай илова намуд, ки тибқи нақша то охири соли ҷорӣ ба истифода супоридани зиёда аз 200 мактаби дигар дар назар дошта шудааст.