https://sputnik.tj/20230901/tajlili-ruzi-donish-maktabi-rusi-khujand-video-1059181569.html
Таҷлили бо шукӯҳи Рӯзи дониш дар мактаби русӣ дар Хуҷанд – видео
Таҷлили бо шукӯҳи Рӯзи дониш дар мактаби русӣ дар Хуҷанд – видео
Sputnik Тоҷикистон
Оғози соли нави хониш дар мактаби муосири русӣ ба номи А. П. Чехов дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо ҷамъомади таълимӣ оғоз шуд
2023-09-01T20:59+0500
2023-09-01T20:59+0500
2023-09-26T17:01+0500
видео
"қалъаи хуҷанд"
мактаб
рӯзи дониш
маориф
хонандагони синфи 1-ум
таълим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/01/1059180950_0:0:1666:938_1920x0_80_0_0_0bd1bc4d9b9fac934ab891017cf75746.jpg
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимии ин мактаб иштирок кард ва бо омӯзгорону толибилмон ва волидон дар бораи умеду орзӯҳояшон дар соли нави хониш пурсон шуд.Аз суҳбат бо мусоҳибон маълум мешуд, ки ҳаркадоми онҳо соли нави хонишро бо рӯҳи тоза ва умедвориҳои зиёди илмомӯзӣ хуш истиқбол мекунанд.Шоира Эшматова, муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ дар МТМУ ба номи А. П. Чехов дар Хуҷанд афзуд, ки баргузории озмун ва олимпиядаҳои соли гузашта ҳокӣ аз он, ки ҳамаи шогирдони ин мактаб рӯзи 1 - сентябрро бесаброна интизорӣ мекашиданд.Рӯзи дониш: 1 сентябр дар мактабҳои Ҳисору Душанбе чӣ гуна гузаштБино ба гуфти ӯ, дар раванди таълим дар ин мактаб ҳар рӯз озмунҳои онлайнӣ баргузор карда мешаванд.“Баргузории чунин шеваҳои муосири таълимӣ барои ҳар як толибилми мактаб писанд меуфтад. Имрӯз онҳо бо рӯҳияи тоза сари мизҳои мактабӣ омадаанд” – таъкид варзид, ЭшматоваБино ба иттилоъи манбаъ соли ҷорӣ 1080 толибилми синфҳои 1 – 9 аз шаҳру навоҳии Суғд имкони таҳсил дар мактаби муосири русӣ дар шаҳри Хуҷандро пайдо намуданд. Ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта 120 нафар бештар гуфта мешавад. Дар мактаби мазкур беш аз 80 омӯзгор дарс мегуянд. Соли ҷорӣ як гурӯҳ омӯзгорон аз шаҳрҳои Федератсияи Русия барои дарс гуфтан ба ин мактаб омадаанд.Нозанин Комилова, хонандаи синфи 9 дар МТМУ ба номи А. П. Чехов дар Хуҷанд имрӯз дар ҷамомади таълимӣ соҳиби диплом ва медал гардид. Ӯ, хушҳолияшро дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон чунин баён намуд.Мактаби тахрибшуда дар низоъи марзӣ дар Исфара дубора боз шуд“Баъди чанд рӯзи дур аз мактабу ҳамсинфон буданд, инак соли нави таҳсил фаро расид ва ҷамъомади деринтизори таълимӣ ҳам баргузор гардид ва хеле шодам, ки ба ман диплом ва медал тақдим намуданд. Дар ин мактаб савод меомӯзанд ва ҳам дониши шуморо қадр мекунанд, раҳмат ба омӯзгорон, хеле хушнуд аз он ҳастам, ки дар ин мактаб таҳсил мекунам”.Макотиби муосири русӣ дар Тоҷикистон як сол қабл рӯзи 1 сентябр аз ҷониби кишвардорони Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимр Путин дар фазои тантанавӣ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.Чунин макотиб дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода бунёд шудааст.Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, 1 сентябр ба мактаби муосири русӣ ба номи А. П. Чехов рафт ва ҷараёни баргузории Рӯзи донишро навор гирифт. Шумо барои дидани гузориши ҷолибу зебо ин нишонро клик кунед.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/01/1059180950_278:0:1666:1041_1920x0_80_0_0_f1aa020f6f4824dce53a5734c9d7948a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, хуҷанд, рӯзи дониш, таҷлил, суғд, мактаб, таълим
видео, хуҷанд, рӯзи дониш, таҷлил, суғд, мактаб, таълим
Таҷлили бо шукӯҳи Рӯзи дониш дар мактаби русӣ дар Хуҷанд – видео
20:59 01.09.2023 (Навсозишуда: 17:01 26.09.2023) Оғози соли нави хониш дар мактаби муосири русӣ ба номи А. П. Чехов дар шаҳри Хуҷанд, маркази шимоли Тоҷикистон бо ҷамъомади таълимӣ оғоз шуд
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимии ин мактаб иштирок кард ва бо омӯзгорону толибилмон ва волидон дар бораи умеду орзӯҳояшон дар соли нави хониш пурсон шуд.
Аз суҳбат бо мусоҳибон маълум мешуд, ки ҳаркадоми онҳо соли нави хонишро бо рӯҳи тоза ва умедвориҳои зиёди илмомӯзӣ хуш истиқбол мекунанд.
Шоира Эшматова, муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ дар МТМУ ба номи А. П. Чехов дар Хуҷанд афзуд, ки баргузории озмун ва олимпиядаҳои соли гузашта ҳокӣ аз он, ки ҳамаи шогирдони ин мактаб рӯзи 1 - сентябрро бесаброна интизорӣ мекашиданд.
Бино ба гуфти ӯ, дар раванди таълим дар ин мактаб ҳар рӯз озмунҳои онлайнӣ баргузор карда мешаванд.
“Баргузории чунин шеваҳои муосири таълимӣ барои ҳар як толибилми мактаб писанд меуфтад. Имрӯз онҳо бо рӯҳияи тоза сари мизҳои мактабӣ омадаанд” – таъкид варзид, Эшматова
Бино ба иттилоъи манбаъ соли ҷорӣ 1080 толибилми синфҳои 1 – 9 аз шаҳру навоҳии Суғд имкони таҳсил дар мактаби муосири русӣ дар шаҳри Хуҷандро пайдо намуданд. Ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта 120 нафар бештар гуфта мешавад. Дар мактаби мазкур беш аз 80 омӯзгор дарс мегуянд. Соли ҷорӣ як гурӯҳ омӯзгорон аз шаҳрҳои Федератсияи Русия барои дарс гуфтан ба ин мактаб омадаанд.
Нозанин Комилова, хонандаи синфи 9 дар МТМУ ба номи А. П. Чехов дар Хуҷанд имрӯз дар ҷамомади таълимӣ соҳиби диплом ва медал гардид. Ӯ, хушҳолияшро дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон чунин баён намуд.
“Баъди чанд рӯзи дур аз мактабу ҳамсинфон буданд, инак соли нави таҳсил фаро расид ва ҷамъомади деринтизори таълимӣ ҳам баргузор гардид ва хеле шодам, ки ба ман диплом ва медал тақдим намуданд. Дар ин мактаб савод меомӯзанд ва ҳам дониши шуморо қадр мекунанд, раҳмат ба омӯзгорон, хеле хушнуд аз он ҳастам, ки дар ин мактаб таҳсил мекунам”.
Макотиби муосири русӣ дар Тоҷикистон як сол қабл рӯзи 1 сентябр аз ҷониби кишвардорони Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимр Путин дар фазои тантанавӣ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Чунин макотиб дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода бунёд шудааст.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, 1 сентябр ба мактаби муосири русӣ ба номи А. П. Чехов рафт ва ҷараёни баргузории Рӯзи донишро навор гирифт. Шумо барои дидани гузориши ҷолибу зебо ин нишонро клик кунед.