Ҳушдори Раҳмон аз гузариши "ҷанги сард" ба "марҳилаи гарм": Душанбе чӣ роҳи ҳалро мебинад?

© Sputnik Душанбе
Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2023
Обуна шудан
Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯву адолатпарвар роҳи асосӣ ва беҳтарини ҳалли ҳама гуна мухолифату низоъҳоро риояи меъёрҳои байналмилалӣ ва музокирот медонад
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Вазъи сайёра бар асари талоши абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бисёр ҳассосу ноором гардидаст.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни дарси сулҳ дар Рӯзи дониш дар ноҳияи Данғара баён дошт.
Президент гуфт, вақтҳои охир, бархӯрди манфиатҳо, мухолифату низоъҳои сиёсиву низомӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, торафт возеҳ гардидани нишонаҳои "ҷанги сард" ва гузариши он ба "марҳалаи гарм" дар минтақаҳои гуногуни дунё ҳаёти инсонятро зери хатар қарор додаанд.
Ифтитоҳи майдони Парчами миллӣ дар ноҳияи Данғара бо ҳузури президент, Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2023
Президент бинои асосии Донишгоҳи тиббии Хатлонро ифтитоҳ кард
"Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу ҳассос таҳаммулгароӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо ва тарғибу ташвиқи андешаву афкори сулҳпарварона барои аҳли башар ниҳоят муҳим ва ҳатто ҳаётӣ мебошад", - таъкид намуд ӯ.
Вай зикр намуд, ки мардуми Тоҷикистон таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар кардаанд ва моҳияти сулҳу ваҳдат, амнияту оромӣ ва ҳамзистии осоиштаро хуб дарк менамоянд.
Вазъи кунунии ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад, ки дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам бештар мустаҳкам гардонем ва манфиатҳои миллии худро аз таъсири пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳони муосир устуворона ҳифз намоем, афзуд ӯ.
Раисҷумҳур гуфт, Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯву адолатпарвар борҳо эълон кардааст, ки роҳи асосӣ ва беҳтарини ҳалли ҳама гуна мухолифату низоъҳо риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, музокирот ва ҳалли мусолиматомези масъалаву мушкилот мебошад.
Лентаи хабарҳо
0