Доварони Тоҷикистон марҳилаи интихоботии Ҷоми Осиёи-2024-ро ҳакамӣ мекунанд

© Foto / Пресс-служба ФФТЧетыре арбитра из Таджикистана получили назначения на обслуживание матчей отборочного турнира Кубка Азии-2024 среди олимпийских сборных до 23 лет
Четыре арбитра из Таджикистана получили назначения на обслуживание матчей отборочного турнира Кубка Азии-2024 среди олимпийских сборных до 23 лет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2023
Обуна шудан
Барои ҳакамии бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои олимпии то 23-сола чаҳор довар аз Тоҷикистон даъват шудаанд
ДУШАНБЕ, 1 сен – Sputnik. Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва ёвари довари ФИФА Ҳасан Каримов дар бозиҳои гурӯҳи "D" бо ширкати дастаҳои Ҷопон, Баҳрайн, Фаластин ва Покистон доварӣ хоҳад кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ду довари дигар аз Тоҷикистон – довари ФИФА Насрулло Кабиров ва ёвари довари ФИФА Хусрави Сиддиқзод бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) дар гурӯҳи "А"-ро дар Аммони Урдун ҳакамӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин гурӯҳ дастаҳои олимпии Урдун, Сурия, Уммон ва Бруней рақобат мекунанд.
Футбол. Товарищеский матч. Таджикистан - Россия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2023
ФФТ гуфт кай мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Русия бозӣ хоҳанд кард
Илова бар ин, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии ФФТ Давлатманд Исломов комиссари марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) дар гурӯҳи "Е" таъйин гардид, ки дар доираи он дастаҳои Ӯзбекистон, Эрон, Ҳонконг ва Афғонистон дар шаҳри Тошканд рақобат хоҳанд кард.
Ҳамин тариқ, бозиҳо дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои олимпии то 23-сола аз 6 то 12 сентябри соли равон баргузор мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо ҳамсолони Лаос ва Австралия бозӣ мекунад, хабар медиҳад Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Лентаи хабарҳо
0