Ду таэквондочиёни тоҷик барои иштирок дар Чемпионати Осиё ба Лубнон мераванд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкТхэквандо. Предолимпийский турнир. Первый день
Тхэквандо. Предолимпийский турнир. Первый день - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2023
Обуна шудан
Таэквондочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё байни наврасон ва ҷавонон дар Лубнон иштирок хоҳанд. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ду варзишкор муаррифӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё байни наврасон ва ҷавонон Абдуҷаъфари Баҳодур (53 кг) ва миёни ҷавонон Муҳаммадризо Шукуров (55 кг) намояндагӣ мекунанд, иттилоъ додааст сомонаи “варзиш”.
Чемпионати Осиё байни наврасон ва ҷавонон оид ба таэквондо WT аз 2-юм то 13-уми сентябр дар шаҳри Бейрути Лубнон баргузор мегардад.
Қайд карда шудааст, ки дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз қораи Осиё ширкат меварзанд.
На Чемпионат мира по таэквондо под флагом Таджикистана выйдут 24 спортсмена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2023
Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо: Тоҷикистонро 24 варзишгар намояндагӣ мекунад
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш хонандаи синфи 9 - и мактаби миёнаи №21 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Марям Абдураҳимова дар чемпионати ҷаҳон дар риштаи таэквондо (ИТФ), ки дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баршузор шуд, соҳиби медали тилло ва сазовори унвони чемпион ё қаҳрамони ҷаҳон гардид.
Чемпионати ҷаҳон дар риштаи таэквондо бо иштироки беш аз 900 варзишгар аз 45 кишвари дунё дар шаҳри Остона баргузор шуд. Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар умум 24 варзишгар намояндагӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0