Ширкати покистонӣ мехоҳад Панҷакентро ба "Шаҳри ҳушманд" табдил диҳад

© Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри ПанҷакентМулоқоти раиси шаҳри Панҷакент бо ширкати покистонӣ
Мулоқоти раиси шаҳри Панҷакент бо ширкати покистонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2023
Обуна шудан
Ширкати “Глобал конект синерҷи Pvt Ltd”-и Покистон ба ҳукумати Шаҳри Панҷакент насби таҷҳизоти гуногуни ҳозиразамони назоратиро пешниҳод кардааст
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар дидор бо мудири ширкати “Глобал конект синерҷи Pvt Ltd”-и Покистон Ризошед Муҳаммад Аббос насби таҷҳизоти гуногуни ҳозиразамони назоратиро баррасӣ намуданд.
“Раиси шаҳри Панҷакент директори ширкати “Глобал конект синерҷи Pvt Ltd”-и Покистон ва ҳамроҳонашро, ки бо мақсади роҳандозии ҳамкорӣ, ки ба Тоҷикистон омаданд ва намояндагони ҳамкорони тоҷикистонии онҳо – КВД “ Тоҷинвест”-ро ба ҳузур пазируфт”, - таъкид кардааст манбаъ.
Зикр гардид, ки дар ҷараёни сӯҳбат гуфта шуд, ки ширкати мазкур дар насби таҷҳизоти гуногуни ҳозиразамони назоратӣ дар доираи барномаҳои “Шаҳри ҳушманд” ва “Шаҳри бехатар” корҳои зиёдеро дар Покистон ва дигар мамлакатҳо ба ҷо овардааст.
Министр обороны Таджикистана Шерали Мирзо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2023
"Хатари кӯчи ТТП ба шимоли Афғонистон": Вазири дифои Тоҷикистон ба Покистон рафт
Мақомоти Панҷакент қайд карда шудааст, ки ҳукумати шаҳр омодааст пешниҳоди ширкатро омӯхта, дар ин замина ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад.
Ҳукумати Панҷакент таъкид кардааст, ки сиёсати "дарҳои боз"-и пешгирифтаи мақомоти кишвар имкон фароҳам меорад, ки бо мамлакатҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ ба роҳ монда шаванд.
Лентаи хабарҳо
0