Бунёди маркази саломатӣ ва хобгоҳ барои кормандону омӯзгорон дар шаҳраки Донишгоҳи миллӣ

© Пресс-служба президента ТаджикистанаРахмон и Рустам Эмомали открыли новую Гимназию Душанбе
Рахмон и Рустам Эмомали открыли новую Гимназию Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2023
Обуна шудан
Ба раисҷумҳури кишвар лоиҳаи нави бунёди Маркази саломатии Шаҳраки донишҷӯён ва хобгоҳ барои кормандону омӯзгорони Донишгоҳи миллиро пешниҳод намуданд
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҷмааи муосири варзиширо ифтитоҳ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ба иттилои манбаъ, иншоот бо маблағгузории Ҳукумати кишвар бунёд гардида бо дарназардошти талаботи замони муосир ва мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ тарҳрезӣ шудааст.
Ҳамчунин, зимни маросими ифтитоҳ масъулин ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гиифтани маҷмааи муосири варзишӣ 70 нафар мутахассиси соҳаи варзиш ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъулони донишгоҳро муваззаф кард, ки имкониятҳои мавҷударо самаранок ва оқилона истифода баранд.
Кишвардори Тоҷикистонро бо лоиҳаҳои бунёди Маркази саломатии Шаҳраки донишҷӯён ва хобгоҳ барои кормандону омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шинос намуданд.
Открытие новой школы в Хатлоской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2023
Раҳмон баҳои баланд дод: Ифтитоҳи мактабу гимназияи хусусӣ дар Душанбе
Тибқи лоиҳа Маркази саломатӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат хоҳад буд. Дар маркази саломатӣ имкон фароҳам меояд, ки дар як вақт ба 300 нафар хизмати тиббӣ расонида шавад.
Қайд карда шудааст, ки барои муоинаву муолиҷаи омӯзгорону кормандони донишгоҳ шароити зарурӣ фароҳам мегардад. Инчунин, Маркази саломатӣ ҳамчун пойгоҳи факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, химия ва биология истифода бурда мешавад.
Ҳамзамон, дар асоси лоиҳа хобгоҳ барои омӯзгорон ва дигар кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сохта мешавад ва он аз 12-ошёна иборат буда, дорои 118 хонаи истиқоматии аз як то сеҳуҷрагӣ хоҳад буд.
“Бунёди боз як хобгоҳи нав дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боис мешавад, ки барои омӯзгорону дигар кормандон шароти хуби зиндагӣ фароҳам ояд ва ин омил дар беҳтар гардидани сатҳу сифати таълими донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад”, - таъкид кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Қайд карда шудааст, ки маркази саломатӣ ва хобгоҳ барои омӯзгорону дигар кормандон дар доираи лоиҳаи сохтмони навбати дуюми Шаҳраки донишҷӯён бо маблағгузории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии ватанӣ бунёд карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0