Хуҷанд пур аз партов: Кӣ гунаҳкор ва чӣ бояд кард?

Обуна шудан
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз чанд нуқтаи ҷамъоварии партовҳо дар шаҳри Хуҷанд дидан намуда, мушкилоти бахшро бо сокинон ва масъулин ба миён гузошт
Сокинони Хуҷанд иддао доранд, ки саривақт партов аз маҳаллаҳои истиқоматӣ берун бурда намешавад ва ин боиси паҳн гардидани он мегардад.
Аммо масъулони Идораи санитарӣ мушкили партовро дар Хуҷанд ба сокинон рабт медиҳанд, ки онро нодуруст мепартоянд ва далел меоранд, ки дар ҳоле қуттиҳо холиянд, партов дар атрофашон партофта шудааст.
Дар корхонаи "Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ"-и Хуҷанд аз ҷумла волидонро муқассир медонанд, ки партофтани партовро ба дӯши хурдсолон мегузоранду онҳо на ҳамеша қоидаҳоро риоя мекунанд.
Дар Тоҷикистон ҳамагӣ наздик ба 66% аҳолӣ бо оби нӯшокӣ таъминанд
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз чанд нуқтаи партов дар Хуҷанд дидан карду бо сокинон суҳбат дошт.
Яке аз занон дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд гуфт, дар маҳалли зисташон кӯдакистоне мавҷуд аст ва ҷамъшавии партовҳо, махсусан дар фасли тобистон барои атфол хатарнок мебошад.
Сардори шуъбаи кор бо аҳолӣ дар корхонаи "Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ"-и шаҳри Хуҷанд, Азимҷон Саидов, як мушкили бахшро саривақт пардохт нашудани ҳаққи хизматрасонӣ аз тарафи аҳолӣ гуфт.

"Чӣ қадаре, ки аз тарафи муштариён пардохти ҳаққи партов фаъол карда шавад, ҳамон қадар хизматрасонии мо ҳам беҳтару хубтар мегардад” – гуфт Саидов.

Ҳаққи хизматрасонӣ барои тоза кардани партов ба сари аҳолӣ дар биноҳои ошёнадор ва участкаҳои наздиҳавлигӣ аз 5,3 сомонӣ то 8,7 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ба иттилои “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и Хуҷанд, 17 адад техникаи махсус дар се баст - субҳ, нимарӯзӣ ва шом ба тозакунии партов дар маҳаллаҳои шаҳр машғул мешаванд.
Таъкид гардид, ки феълан дар Хуҷанд зиёда аз 200 нуқтаи ҷамъоварии партов мавҷуд буда, дар онҳо беш аз 1 ҳазор қутиҳо гузошта шудаанд.
Масъулин мегӯянд, дар як шабонарӯз 550 – 600 метри мукааб партов ҷамъ ва аз қаламрави шаҳр бароварда мешавад. Партовҳои ҷамъшуда дар партовгоҳи махсуси канори шаҳри Хуҷанд гӯронида мешаванд.
Қарор аст то поёни соли 2023 дар Хуҷанд корхонаи коркарди партов фаъол гардад.
Лентаи хабарҳо
0