https://sputnik.tj/20230829/tavajjuh-sayyohon-rusiya-eron-1059107658.html
Афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳони Русия ба Эрон, Куба ва Саудӣ
Афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳони Русия ба Эрон, Куба ва Саудӣ
Sputnik Тоҷикистон
Таҳлили боздидҳои сайёҳони Русия нишон додаст, ки талабот ба сафарҳои тобистона ба Эрон ва Арабистони Саудӣ ба маротиб боло рафтааст
2023-08-29T17:58+0500
2023-08-29T17:58+0500
2023-08-29T17:58+0500
сайёҳат
истироҳат
дар ҷаҳон
эрон
иҷтимоъ
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/03/1056837209_0:126:3193:1922_1920x0_80_0_0_a2a8fba358d313430d2c4b4bb8a16fa5.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Талабот ба сафарҳои тобистона ба Эрон ва Арабистони Саудӣ дар як соли охир 2,2 баробар бештар шудаст, иттилоъ дод РИА "Новости". Ба иттилои манбаъ, сафари русиягиҳо ба Аморати Муттаҳидаи Араб бо вуҷуди 40 дараҷа гармии рӯзонаи ҳаво дар Дубай, Шарҷа ва Абу-Дабӣ, 37% афзоиш ёфтааст. Дар самти Шарқи Наздик ва Миёна русиягиҳо бештар ба истироҳат дар Эрон (+115%) ва Арабистони Саудӣ (+123%) таваҷҷӯҳ кардаанд. Аз рӯи шумораи умумии сайёҳони русиягӣ, Шарқи Наздик ва Миёна аз кишварҳои Аврупо пеш гузаштааст. Гуфта мешавад, ки ҷараёни сайёҳон ба Аврупо низ афзоиш ёфтааст. Ҳамин тариқ, самтҳои писандидаи фароғати тобистона дар ин қисмати ҷаҳон аз Италия бо 43% афзоиш дар муқоиса бо тобистони соли 2022, Испания (+36%), Фаронса (+33%), Олмон (+33%) мебошанд. Теъдоди сайёҳони русиягӣ дар Туркия нисбати ҳамин давраи соли гузашта 27% ва дар Юнон 25% афзоиш ёфтааст. Таваҷҷӯҳи русиягиҳо ба Африқо ба таври назаррас зиёд шудааст. Аз ҷумла Тунисро русиягиҳо нисбат ба соли гузашта 3,5 баробар бештар боздид кардаанд. Шумори сайёҳон дар Миср, ки маъруфияташро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додаст, тобистони соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 176% бештар шудааст. Миср, ки тобистони соли гузашта аз рӯи маъруфият дар байни русиягиҳо дар ҷои ҳафтум буд, мавсими соли 2023 ба панҷгонаи маъруфтаринҳо шомил гардидаст. Сафари русиягиҳо ба Куба назар ба мавсими соли гузашта 16 баробар ва ба Венесуэла бештар аз чор баробар афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20230820/elon-ozmun-miyon-khadamot-bakhsh-sayyohi-1058934953.html
эрон
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/03/1056837209_232:0:2963:2048_1920x0_80_0_0_866246ad0bf218694de50231ff4db9c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, бештар, сафар, боздид, тамошо, саудӣ
русия, бештар, сафар, боздид, тамошо, саудӣ
Афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳони Русия ба Эрон, Куба ва Саудӣ
Таҳлили боздидҳои сайёҳони Русия нишон додаст, ки талабот ба сафарҳои тобистона ба Эрон ва Арабистони Саудӣ ба маротиб боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Талабот ба сафарҳои тобистона ба Эрон ва Арабистони Саудӣ дар як соли охир 2,2 баробар бештар шудаст, иттилоъ дод РИА "Новости".
Ба иттилои манбаъ, сафари русиягиҳо ба Аморати Муттаҳидаи Араб бо вуҷуди 40 дараҷа гармии рӯзонаи ҳаво дар Дубай, Шарҷа ва Абу-Дабӣ, 37% афзоиш ёфтааст.
Дар самти Шарқи Наздик ва Миёна русиягиҳо бештар ба истироҳат дар Эрон (+115%) ва Арабистони Саудӣ (+123%) таваҷҷӯҳ кардаанд.
Аз рӯи шумораи умумии сайёҳони русиягӣ, Шарқи Наздик ва Миёна аз кишварҳои Аврупо пеш гузаштааст.
Гуфта мешавад, ки ҷараёни сайёҳон ба Аврупо низ афзоиш ёфтааст. Ҳамин тариқ, самтҳои писандидаи фароғати тобистона дар ин қисмати ҷаҳон аз Италия бо 43% афзоиш дар муқоиса бо тобистони соли 2022, Испания (+36%), Фаронса (+33%), Олмон (+33%) мебошанд.
Теъдоди сайёҳони русиягӣ дар Туркия нисбати ҳамин давраи соли гузашта 27% ва дар Юнон 25% афзоиш ёфтааст.
Таваҷҷӯҳи русиягиҳо ба Африқо ба таври назаррас зиёд шудааст. Аз ҷумла Тунисро русиягиҳо нисбат ба соли гузашта 3,5 баробар бештар боздид кардаанд.
Шумори сайёҳон дар Миср, ки маъруфияташро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додаст, тобистони соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 176% бештар шудааст.
Миср, ки тобистони соли гузашта аз рӯи маъруфият дар байни русиягиҳо дар ҷои ҳафтум буд, мавсими соли 2023 ба панҷгонаи маъруфтаринҳо шомил гардидаст.
Сафари русиягиҳо ба Куба назар ба мавсими соли гузашта 16 баробар ва ба Венесуэла бештар аз чор баробар афзоиш ёфтааст.