https://sputnik.tj/20230829/saron-hukumat-idm-mudofia-havoi-1059107006.html
Сарони ҳукуматҳои ИДМ мудофиаи ҳавоиро баррасӣ мекунанд
Сарони ҳукуматҳои ИДМ мудофиаи ҳавоиро баррасӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Бархе тафсилоти барномаи мулоқоти сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Бишкек дар назар аст, нашр гардиданд
2023-08-29T13:56+0500
2023-08-29T13:56+0500
2023-08-29T14:10+0500
идм
шералӣ мирзо
ҳукумат
амният ва мудофиа
ҳавоӣ
сергей лебедев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0f/1032825472_0:0:3533:1987_1920x0_80_0_0_d0620981eeb09bbc65081b60fc6006b4.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Масоили мудофиавӣ яке аз масъалаҳои меҳварии мулоқоти қарибулвуқӯи сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хоҳад буд. Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сергей Лебедев гуфт, сарони ҳукуматҳо мудофиаи ҳавоиро баррасӣ мекунанд. Ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзи 27 октябр дар шаҳри Бишкек дар назар аст. Қаблан мақомоти Тоҷикистону Русия низоми муштараки мудофиаи ҳавоиро баррасӣ намуданд. Тибқи созишҳо ҳамоҳангсозии амали муштараки нерӯҳои системаи муттаҳидаи минтақавии дифоъи зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистон аз ҷониби фармондеҳи кулли нерӯҳои фазонавардии Русия сурат мегирад. Низоми муштараки падофанди ҳавоии Русия ва Тоҷикистон ҷузъи низоми муштараки кишварҳои узви ИДМ буда, ҳадафаш тақвияти дифои ҳавоӣ мебошад. Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо пас аз ташдиди вазъ дар минтақа ташкили низоми муштараки мудофиаи ҳавоиро ба суди амнияти ҷумҳурӣ донист.
https://sputnik.tj/20230823/kozhoshev-amniyati-enerzhi-nekuahvoli-sokinoni-iiao-1058990947.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0f/1032825472_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_c9b179012edb98e59278eea1c8018fda.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сарон, ҳукумат, идм, бишкек, баҳс, мудофиа, ҳавоӣ
сарон, ҳукумат, идм, бишкек, баҳс, мудофиа, ҳавоӣ
Сарони ҳукуматҳои ИДМ мудофиаи ҳавоиро баррасӣ мекунанд
13:56 29.08.2023 (Навсозишуда: 14:10 29.08.2023) Бархе тафсилоти барномаи мулоқоти сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Бишкек дар назар аст, нашр гардиданд
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Масоили мудофиавӣ яке аз масъалаҳои меҳварии мулоқоти қарибулвуқӯи сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хоҳад буд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сергей Лебедев гуфт, сарони ҳукуматҳо мудофиаи ҳавоиро баррасӣ мекунанд.
"Дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ масъалаи маблағгузории низоми мудофиаи ҳавоии кишварҳои узви созмонро пешниҳод хоҳанд кард", - гуфт Лебедев.
Ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзи 27 октябр дар шаҳри Бишкек дар назар аст.
Қаблан мақомоти Тоҷикистону Русия низоми муштараки мудофиаи ҳавоиро баррасӣ намуданд.
Тибқи созишҳо ҳамоҳангсозии амали муштараки нерӯҳои системаи муттаҳидаи минтақавии дифоъи зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистон аз ҷониби фармондеҳи кулли нерӯҳои фазонавардии Русия сурат мегирад.
Низоми муштараки падофанди ҳавоии Русия ва Тоҷикистон ҷузъи низоми муштараки кишварҳои узви ИДМ буда, ҳадафаш тақвияти дифои ҳавоӣ мебошад.
Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо пас аз ташдиди вазъ дар минтақа ташкили низоми муштараки мудофиаи ҳавоиро ба суди амнияти ҷумҳурӣ донист.