Русия 2 гумонбари қатли бонкдори тоҷикро дастгир кард

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкМинистр внутренних дел РФ Владимир Колокольцев. Архивное фото
Министр внутренних дел РФ Владимир Колокольцев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2023
Обуна шудан
Дар натиҷаи чорабиниҳои муштараки мақомоти умури дохилии Тоҷикистону Русия ду гумонбар дар куштори як бонкдори тоҷик боздошт шудаанд
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода бо ҳамтои русиягияш Владимир Колоколтсев густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, Колоколтсев бо таъкиди таҳкими ҳамкориҳои ду ниҳод дар самти амалиёти байнидавлатии ҷустуҷӯӣ, афзудааст, ки дар натиҷа ду гумонбар дар куштори яке аз бонкдорон дар Тоҷикистон боздошт шуданд.
Манбаъ аз муттаҳамон ном набурдааст, аммо зоҳиран сухан дар бораи гумонбарон дар рабудану қатли ноиби раиси "Ориёнбонк", Шуҳрат Исматуллоев меравад.
Маҳз дастгир шудани муттаҳамон дар ин ҷиноят, аз ҷумла Дилшод Саидмуродов маъруф бо "Дилшоди СБ" яке аз ҳадафҳои сафари Раҳимзода ба Маскав арзёбӣ шуда буд.
Глава МВД России Владимир Колокольцев и глава МВД Таджикистана Рамазон Рахимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2023
Бо супориши президент: Раҳимзода дар Маскав боздошти "Дилшоди СБ"-ро баррасӣ мекунад
Қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки ду нафар аз муттаҳамон дар рабудану қатли ноиби раиси "Ориёнбонк", Дилшод Саидмуродов ва Акбар Ахмедов рӯзи 24 июни соли равон ба Русия фирор карда буданд.
Раҳбарии ин гуруҳро Саидмуродов, мулаққаб бо номи "Дилшоди СБ", собиқ корманди мақомоти корҳои дохилии Тоҷиикстон ба ӯҳда доштаст.
Пештар Додситонии кулли Тоҷикистон изҳор дошт, ки бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят 13 нафар боздошт гардида, 3 нафари дигар ба хориҷа фирор намудаанд, ки онҳо ҳам ояндаи наздик дастгир хоҳанд шуд.
Феълан маълум нест, ки миёни 2 нафари дастгиршуда дар натиҷаи ҳамкорӣ бо мақомоти Русия Саидмуродов қарор дорад ё на.
Лентаи хабарҳо
0