Ба мунтахаби олимпии Тоҷикистон панҷ футболбози дастаи Истиқлол шомил шудааст

© Фото : Пресс-служба ФК "Истиклол"Футболисты ФК "Истиклол" на сборах в Турции
Футболисты ФК Истиклол на сборах в Турции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2023
Обуна шудан
Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Душанбе ҷамъомади таълимиву тамриниро шурӯъ кард, ки ҳадафи он омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мебошад
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Тими миллии олимпии Тоҷикистон омодагиро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё – 2024 шурӯъ кард, иттилоъ додааст сомонаи "Варзиш".
Ба иттилои манбаъ, Мубин Эргашев сармураббии дастаи мунтахаби олимпии кишвар, ба ҷамъомади тамринии Душанбе 27 бозигар – 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват кардааст.
Дархости ниҳоии даста барои ширкат дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 23 бозигарро дар бар хоҳад гирифт.
Женская национальная сборная Таджикистана не вошла в финальную часть кубка Азии-2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2023
Панҷ зина поин рафт: Мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар риштаи футбол дар раддабандии ФИФА
Бояд қайд кард, ки ба мунтахаби олимпии Тоҷикистон панҷ футболбози дастаи “Истиқлол” даъват шудааст.
Дарвозабон - Муҳриддин Ҳасанов,
Ҳимоятгарон - Алиҷон Кароматуллозода, Содиқҷон Қурбонов
Нимҳимоятгарон - Амадонӣ Камолов, Алиҷони Айнӣ
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи "I" бо дастаҳои Лаос (9 сентябр) ва Австралия (12 сентябр) рақобат мекунад. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0