Маҳдудиятҳои ҷадиди толибон* барои Ҳомид Карзай

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузариш ба медиабонкЭкс-президент Афганистана Хамид Карзай
Экс-президент Афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2023
Обуна шудан
Бархе гузоришҳо аз вазъи маҳдудиятҳои ҷадид аз сӯйи толибон* барои Ҳомид Карзай раисҷумҳури собиқи Афғонистон ҳикоят доранд
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Бархе манобеи хабарӣ эълом карданд, ки ҳукумати феълии Афғонистон дар симои толибон* маҳдудиятҳои ҷадид бар Ҳомиди Карзай дар бораи рафту омад, гашту гузор ҷорӣ кардааст.
Тавре “Радиои дарӣ” хабар додааст, ҷузиёти бештаре дар бораи ин маҳдудиятҳо аз сӯйи толибон* мунташир нашудааст.
Ҳомид Карзай дар моҳҳои ахири борҳои хостори бозгушои макотиби духтарона ва таҳсили духтарон дар Афғонистон шудааст.
Раисҷумҳури собиқи Афғонистон ахиран ба муносибати фуруди ковишгари ҳиндӣ бар сатҳи кураи моҳ дар сафҳа Фейсбукаш навишт: "Ҳинд ва Афғонистон дар як минтақаи ҷуғрофиёӣ воқеъ ҳастанд, аммо тавваҷӯҳ ба омӯзиш, далели аслии тавсеаи он кишвар аст”.
Представители политического совета движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2023
Мақоми аршади толибон*: Ниёзе надорем ба расмият шинохта шавем
Карзай ҳамчунин рӯзи чанде пеш дар паёме ба муносибати солрӯзи истирдоди истиқлоли Афғонистон, истиқлоли воқеиро боз шудани дарвозаи макотиб ва донишгоҳҳо ба рӯй духтарон дониста буд.
*-созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0