https://sputnik.tj/20230829/imzoi-se-sanadi-hamkori-miyoni-tojikistonu-falastin-1059117743.html
Имзои се санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Фаластин
Имзои се санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Фаластин
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе пас аз машваратҳои сиёсӣ миёни мақомоти Тоҷикистону Фаластин ду созишнома ва як протоколи нав ба имзо расид
2023-08-29T18:59+0500
2023-08-29T18:59+0500
2023-08-29T19:06+0500
дар тоҷикистон
фаластин
сиёсат
имзо
имзо созишнома
санад
вух-и тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1d/1059117550_0:423:1200:1098_1920x0_80_0_0_46e93ffe22e1af02b2d49f31231121f0.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Мӯҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин Риёз Ал-Моликӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷаи кишвар.Ба иттилои манбаъ, дар музокирот масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Таъкид шудааст, ки пас аз мулоқоти ду ҷониба, даври сеюми машваратҳои сиёсӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону давлати Фаластин баргузор шуд. ВУХ-и Тоҷикистон қайд кардааст, ки зимни машваратҳо миёни ҷонибҳо дар бораи ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, ҳуқуқӣ, фарҳанг, илму маориф ва тандурустӣ, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.ВУХ иттилоъ додааст, ки дар фарҷоми машваратҳои сиёсӣ се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид
https://sputnik.tj/20230829/rahmon-riyoz-al-moliki-didor-falastin-sulh-orzu-1059101631.html
фаластин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1d/1059117550_0:249:1200:1149_1920x0_80_0_0_cab98797b1a43b9fe0d149348804ffe5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, фаластин, имзо, санад, созишнома, протокол, вух, машваратҳои сиёсӣ
тоҷикистон, фаластин, имзо, санад, созишнома, протокол, вух, машваратҳои сиёсӣ
Имзои се санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Фаластин
18:59 29.08.2023 (Навсозишуда: 19:06 29.08.2023) Дар шаҳри Душанбе пас аз машваратҳои сиёсӣ миёни мақомоти Тоҷикистону Фаластин ду созишнома ва як протоколи нав ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Мӯҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин Риёз Ал-Моликӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷаи кишвар.
Ба иттилои манбаъ, дар музокирот масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид шудааст, ки пас аз мулоқоти ду ҷониба, даври сеюми машваратҳои сиёсӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону давлати Фаластин баргузор шуд.
ВУХ-и Тоҷикистон қайд кардааст, ки зимни машваратҳо миёни ҷонибҳо дар бораи ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, ҳуқуқӣ, фарҳанг, илму маориф ва тандурустӣ, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
ВУХ иттилоъ додааст, ки дар фарҷоми машваратҳои сиёсӣ се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид
Протоколи машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Давлати Фаластин;
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Фаластин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ;
Созишнома байни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Давлати Фаластин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ.