https://sputnik.tj/20230829/dushanbe-saforati-falastin-1059120475.html
Дар Душанбе сафорати Фаластин кушода шуд
Дар Душанбе сафорати Фаластин кушода шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ифтитоҳи расмии сафорати Фаластин дар Душанберо омили таҳкими ҳамкориҳо миёни ду кишвари дӯст арзёбӣ кард
2023-08-29T21:00+0500
2023-08-29T21:00+0500
2023-08-29T21:00+0500
дар тоҷикистон
сафорат
сиёсат
сафорат
ҳамкорӣ
имзо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1d/1059120159_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_d4ad5ff39191355895e1b414cf64bc2f.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Сафорати Фаластин дар Тоҷикистон дар ҳузури вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ифтитоҳ гардид. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳ ҳамчунин роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе иштирок намуданд.Вазири корҳои Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ифтитоҳи сафоратро омили густариши равобит ва ҳамкории густурда байни ду кишвари дӯст хонд. Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Фаластин Риёз Ал-Моликӣ изҳори умедворӣ кард, ки фаъолияти сафорати кишвараш дар Душанбе барои тавсеи равобит дар ҳамаи заминаҳо таъсиргузор хоҳад буд.Маврид ба зикр аст, ки Риёз Ал-Моликӣ дар доираи сафараш ба Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ мулоқот карда, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд. Инчунин машваратҳои сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Фаластин баргузор гардиданд. Машваратҳои сиёсӣ бо имзои се санад, аз ҷумла созишномаи ҳукуматҳоши Тоҷикистону Фаластин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ ва созишномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои кишоварзии ду кишвар ба имзо расиданд.
https://sputnik.tj/20230829/rahmon-riyoz-al-moliki-didor-falastin-sulh-orzu-1059101631.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1d/1059120159_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_1f3f285c6da36e49f768e9fcc602fd32.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафорат, фаластин, вазирон, кушоданд, иҷтитоҳ, сиёсат
сафорат, фаластин, вазирон, кушоданд, иҷтитоҳ, сиёсат
Дар Душанбе сафорати Фаластин кушода шуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ифтитоҳи расмии сафорати Фаластин дар Душанбе омили таҳкими ҳамкориҳо миёни ду кишвари дӯст арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Сафорати Фаластин дар Тоҷикистон дар ҳузури вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ифтитоҳ гардид.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳ ҳамчунин роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе иштирок намуданд.
Вазири корҳои Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ифтитоҳи сафоратро омили густариши равобит ва ҳамкории густурда байни ду кишвари дӯст хонд.
Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Фаластин Риёз Ал-Моликӣ изҳори умедворӣ кард, ки фаъолияти сафорати кишвараш дар Душанбе барои тавсеи равобит дар ҳамаи заминаҳо таъсиргузор хоҳад буд.
Маврид ба зикр аст, ки Риёз Ал-Моликӣ дар доираи сафараш ба Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ мулоқот карда, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Инчунин машваратҳои сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Фаластин баргузор гардиданд.
Машваратҳои сиёсӣ бо имзои се санад, аз ҷумла созишномаи ҳукуматҳоши Тоҷикистону Фаластин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ ва созишномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои кишоварзии ду кишвар ба имзо расиданд.