https://sputnik.tj/20230829/afzoishi-voridot-mol-tojikiston-gurjiston-moshin-qator-1059107302.html
Афзоиши воридоти мол ба Тоҷикистон аз Гурҷистон тавасути мошинҳои боркаш ва қатор
Афзоиши воридоти мол ба Тоҷикистон аз Гурҷистон тавасути мошинҳои боркаш ва қатор
Sputnik Тоҷикистон
Гардиши молу коло миёни Гурҷистон ва Тоҷикистон дар давраи аз январ то моҳи июли соли равон 22,1 млн долларро ташкил додааст
2023-08-29T14:33+0500
2023-08-29T14:33+0500
2023-08-29T17:21+0500
дар тоҷикистон
гурҷистон
воридот
додугирифти мол
роҳи оҳан
мошини боркаш
қатора
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040882771_652:523:2288:1443_1920x0_80_0_0_da68a4d1e156fb1890edf61e08590916.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар моҳҳои январ-июли соли равон тавассути роҳи автомобилгард аз Гурҷистон ба Тоҷикистон ба маблағи 20 миллиону 884 ҳазор доллар коло ворид шудааст. Дар ин бора хабаргузории Trend дар истинод ба Идораи омори Гурҷистон (Geostat) хабар додааст. Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ Тоҷикистон воридоти худро аз Гурҷистон тавассути роҳи оҳан низ афзоиш додааст. Дар ҳамин ҳол, воридот ба Тоҷикистон аз Гурҷистон тавассути ҳавопаймо 255 ҳазору 150 долларро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои соли гузашта (309 ҳазор доллар) 17,4 дарсад камтар аст.Қобили зикр аст, ки гардиши мол миёни Гурҷистон ва Тоҷикистон дар давраи аз январ то моҳи июли соли равон 22,1 млн долларро ташкил додааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (7,8 млн доллар) 81% афзоишро нишон медиҳад.Дар ин муддат тавозуни тиҷории Гурҷистон бо Тоҷикистон наздик ба 23 млн долларро ташкил додааст.
https://sputnik.tj/20230412/ahmadzoda-afzoish-gardish-mol-rusiya-tojikiston-1056395315.html
гурҷистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040882771_758:444:2245:1559_1920x0_80_0_0_d5b3bbca817b2917b8c030abf67d16fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, гурҷистон, воридот, коло, мошинҳои боркаш, қатора, афзоиш
тоҷикистон, гурҷистон, воридот, коло, мошинҳои боркаш, қатора, афзоиш
Афзоиши воридоти мол ба Тоҷикистон аз Гурҷистон тавасути мошинҳои боркаш ва қатор
14:33 29.08.2023 (Навсозишуда: 17:21 29.08.2023) Гардиши молу коло миёни Гурҷистон ва Тоҷикистон дар давраи аз январ то моҳи июли соли равон 22,1 млн долларро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар моҳҳои январ-июли соли равон тавассути роҳи автомобилгард аз Гурҷистон ба Тоҷикистон ба маблағи 20 миллиону 884 ҳазор доллар коло ворид шудааст.
Дар ин бора хабаргузории Trend дар истинод ба Идораи омори Гурҷистон (Geostat) хабар додааст.
Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ Тоҷикистон воридоти худро аз Гурҷистон тавассути роҳи оҳан низ афзоиш додааст.
“Ҳаҷми ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан 994 ҳазору 230 долларро ташкил дод, ки нисбат ба натиҷаҳои моҳҳои январ-июли соли 2022 (405,5 ҳазор доллар) 2,4 маротиба зиёд аст”, - қайд кардааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, воридот ба Тоҷикистон аз Гурҷистон тавассути ҳавопаймо 255 ҳазору 150 долларро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои соли гузашта (309 ҳазор доллар) 17,4 дарсад камтар аст.
Қобили зикр аст, ки гардиши мол миёни Гурҷистон ва Тоҷикистон дар давраи аз январ то моҳи июли соли равон 22,1 млн долларро ташкил додааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (7,8 млн доллар) 81% афзоишро нишон медиҳад.
Дар ин муддат тавозуни тиҷории Гурҷистон бо Тоҷикистон наздик ба 23 млн долларро ташкил додааст.