https://sputnik.tj/20230828/saidzoda-maktab-soli-khonishi-zimiston-1059074794.html
Боздиди Саидзода омода набудани мактабҳо ба соли хониш ва зимистонро ошкор кард
Боздиди Саидзода омода набудани мактабҳо ба соли хониш ва зимистонро ошкор кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар рӯзи истироҳат аз вазъи бархе аз макотиб дар навоҳии ҷануби ҷумҳурӣ боздид карда, муайян намуд, ки дар ҳоли харобанд
2023-08-28T09:02+0500
2023-08-28T09:02+0500
2023-08-28T12:46+0500
дар тоҷикистон
маориф
вазорати маорифу илми тоҷикистон
вазир
раҳим саидзода
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1b/1059074618_0:101:1000:664_1920x0_80_0_0_2b5b2e695c70f8e3bb5d614157ffb5e3.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Бо вуҷуди рӯзҳои башумор мондан то оғози соли нави таҳсили 2023 - 2024 бархе аз макотиб дар вилояти Хатлон ба он омода нестанд. Ин ҳолат зимни боздиди вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз бархе навоҳӣ дар ҷануби кишвар ошкор шудааст. Ба иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, шароити тадрис дар муассисаҳои таълимӣ сол то сол беҳтар гардида истодааст ва аксари мактабҳо ба соли нави таҳсил омода гардидаанду бо техникаву технологияи замонавӣ таъминанд, аммо на ҳама. Чунин як ҳолати ногувор ва вазъи нигаронкунанда дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба мушоҳида расид, афзуд манбаъ дар пайи боздиди вазири маориф аз мактаби мазкур. "Маълум гардид, ки бинобар сабаби бепарвоию бемасъулиятии масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шӯъбаи маориф ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ муассисаи мазкур умуман ба соли нави хониш омода нест", - омадааст дар итилоия. Таъкид шудааст, ки то оғози соли таҳсил танҳо 4 рӯз боқӣ мондааст ва мебоист тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илм то ҳол муассисаҳои таълимӣ пурра омода мегардиданд. Деворҳои рехтаю фарсуда, шишаҳои шикастаи тирезаҳо, рангубор нашудани фаршҳо, дар рӯйи фаршҳо "ба ҳоли зор гузоштани китобҳои дарсӣ, вазъи ногувори майдончаҳои варзишию партовҳои зиёд дар саҳну атрофи муассиса гувоҳи он аст, ки масъулин боре аз мактаб дидан накардаанд, афзуд Вазорат. Ин ниҳод афзуд, ки ин муассиса дар маркази ноҳия ҷойгир буда, яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад. Чунин камбудиҳо ҳамчунин зимни боздиди вазири маориф ва илм дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Панҷ низ ба қайд гирифта шудаанд. Муайян гардидааст, ки макотиби мазкур на танҳо ба соли хониш, ҳамчунин ба фасли зимистон низ омода набуда, захирае аз ангишту ҳезум надоранд. Вазири маориф барои ислоҳи вазъ дастур додаст.
https://sputnik.tj/20230824/sughd-shumor-omuzgoron-libosi-maktabi-taqdim-1059007257.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1b/1059074618_0:0:1000:750_1920x0_80_0_0_5b18179134080754fb75410d2ed93644.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
санҷиш, вазир, мактаб, хатлон, камбудӣ, сабт
санҷиш, вазир, мактаб, хатлон, камбудӣ, сабт
Боздиди Саидзода омода набудани мактабҳо ба соли хониш ва зимистонро ошкор кард
09:02 28.08.2023 (Навсозишуда: 12:46 28.08.2023) Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар рӯзи истироҳат аз вазъи бархе аз макотиб дар навоҳии ҷануби ҷумҳурӣ боздид карда, муайян намуд, ки дар ҳоли харобанд
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Бо вуҷуди рӯзҳои башумор мондан то оғози соли нави таҳсили 2023 - 2024 бархе аз макотиб дар вилояти Хатлон ба он омода нестанд.
Ин ҳолат зимни боздиди вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз бархе навоҳӣ дар ҷануби кишвар ошкор шудааст.
Ба иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, шароити тадрис дар муассисаҳои таълимӣ сол то сол беҳтар гардида истодааст ва аксари мактабҳо ба соли нави таҳсил омода гардидаанду бо техникаву технологияи замонавӣ таъминанд, аммо на ҳама.
Чунин як ҳолати ногувор ва вазъи нигаронкунанда дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба мушоҳида расид, афзуд манбаъ дар пайи боздиди вазири маориф аз мактаби мазкур.
"Маълум гардид, ки бинобар сабаби бепарвоию бемасъулиятии масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шӯъбаи маориф ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ муассисаи мазкур умуман ба соли нави хониш омода нест", - омадааст дар итилоия.
Таъкид шудааст, ки то оғози соли таҳсил танҳо 4 рӯз боқӣ мондааст ва мебоист тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илм то ҳол муассисаҳои таълимӣ пурра омода мегардиданд.
Деворҳои рехтаю фарсуда, шишаҳои шикастаи тирезаҳо, рангубор нашудани фаршҳо, дар рӯйи фаршҳо "ба ҳоли зор гузоштани китобҳои дарсӣ, вазъи ногувори майдончаҳои варзишию партовҳои зиёд дар саҳну атрофи муассиса гувоҳи он аст, ки масъулин боре аз мактаб дидан накардаанд, афзуд Вазорат.
Ин ниҳод афзуд, ки ин муассиса дар маркази ноҳия ҷойгир буда, яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад.
Чунин камбудиҳо ҳамчунин зимни боздиди вазири маориф ва илм дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Панҷ низ ба қайд гирифта шудаанд.
Муайян гардидааст, ки макотиби мазкур на танҳо ба соли хониш, ҳамчунин ба фасли зимистон низ омода набуда, захирае аз ангишту ҳезум надоранд. Вазири маориф барои ислоҳи вазъ дастур додаст.