Қаҳрамонони Тоҷикистон дар риштаи ММА муайян шуданд - видео

Обуна шудан
Базми ҳунарҳои размии омехта дар пойтахти Тоҷикистон миёни наврасону бузургсолон бо иштироки чеҳраҳои шинохтаи ин навъи варзиш баргузор гардид
Дар Қасри теннис ва варзишҳои обии шаҳри Душанбе қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи ҳунарҳои размии омехта - ММА миёни ҷавонону калонсолон анҷом ёфт.
Ташаббускори ин базми варзишӣ Федератсияи ҳунарҳои размии омехтаи Тоҷикистон буд, ки солҳои охир барои оммавӣ кардани ин намуди варзиш чораҳои густурда роҳандозӣ кардааст.
Дар баробари садҳо тамошобини дигар, хабарнигори Sputnik Тоҷикистон зӯрозмоии размикорони наврасу бузургсолро тамошо карда, лаҳзаҳои ҷолиби онро сабт намуд.
Тавсифи президенти UFC аз мухлисони тоҷикистонӣ
Дар мусобиқаи мазкур 40 тим аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон иштирок кардаанд. Сабқати размикоронро дар Душанбе ҳузури варзишкорони шинохтаи Тоҷикистон дар ин намуд Фариддин Одилов, Лоиқ Раҷабов, Азам Ғафуров, Сарвар Ҳамидов ва дигарон тамошо карданд.
Бунёди ҷоизавии ин мусобиқа 250 ҳазор сомониро ташкил дод, ки барои дастёбӣ ба он ва унвони қаҳрамони Тоҷикистон дар риштаи ММА 155 варзишкор сабқат карданд.
Баргузоркунандаҳо мегӯянд, мусобиқаи MMA байни наврасон як марҳилаи омодагӣ ба чемпионати калони муҳорибаҳои омехта байни варзишгарон хоҳад буд.
Ҳунарҳои размии омехта солҳои охир миёни ҷавонони тоҷикистонӣ маҳбубияти бештаре пайдо карда, то ҳол аллакай аз размикорони тоҷик, аз ҷумла Нурулло Алиев, Муҳаммад Наимов ва Лоиқ Раҷабов ба яке аз созмонҳои машҳури ин ришта - ба UFC роҳ ёфтаанд.
Лентаи хабарҳо
0