Посухи Эрон дар бораи содироти паҳподҳои низомӣ ба Русия

© AFP 2023 / SERGEI SUPINSKYБеспилотник в небе, архивное фото
Беспилотник в небе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2023
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷаи Эрон ахиран иттилоъ дар бораи содироти паҳподҳои низомӣ барои артиши Русияро қатъиян рад кардааст
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Эрон, Носир Канъонӣ, бори дигар иттиҳомоти интиқоли ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Русияро рад кард, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Нвости”.
Вай ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки Эрон дар низоъи Украина саҳм надорад ва ҳамкориҳои Ҷумҳурии Исломӣ бо Русия дар чаҳорчӯби қонунҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудаанд.
"Дар робита ба паҳподҳо, мо шоҳиди идомаи гумроҳсозии (ҷомеа) аз ҷониби расонаҳои ғарбӣ, аз ҷумла, Иёлоти Муттаҳида ҳастем. Мо борҳо изҳоротро (дар бораи ҳамкории эҳтимолии Маскав ва Теҳрон) дар масъалаи низоъ дар Украина рад кардаем. Эрон яке аз тарафҳои низоъ дар Украина нест”, гуфт Канъонӣ зимни нишасти матбуотӣ.
Намояндаи вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард, Ҷумҳурии Исломӣ бар ҳалли сиёсии низоъ дар Украина пофишорӣ дорад ва ҷонибҳое, ки Эронро ба интиқоли ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Русия муттаҳам мекунанд, бояд интиқоли дастаҷамъии силоҳҳои худро ба яке аз ҷонибҳои даргир мутаваққиф кунанд, зеро “фиристодани аслиҳа ба хотима додани даргирӣ мусоидат намекунад ва дар ҳақиқат ба изҳороти худи кишварҳои ғарб мухолиф аст”.
Картинп Василия Верещагина Апофеоз войны в Третьяковской галерее в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2023
Дар Эрон ҳафтаи фарҳанги Русия баргузор мегардад
Канъонӣ таъкид кард, ки ҳамкориҳои Эрон ва Русия дар арсаи дифоъ дар чаҳорчӯби равобити дуҷониба ба манофеи муштарак бар пояи қонунҳо ва муқаррароти байналмилалии қабулшуда сурат мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки Ғарб иддао дорад, ки Эрон гӯё ба Русия ҳавопаймоҳои бесарнишин интиқол медиҳад. Маскав ва Теҳрон борҳо ин гуна иттиҳомро рад кардаанд. Вазири хориҷаи Эрон Ҳусейнамир Абдуллоҳиён гуфт, ки Теҳрон Русияро бо ҳавопаймоҳои бесарнишин таъмин кардааст, аммо чанд моҳ қабл аз оғози амалиёти вижа.
Эрон иддаъоҳои гӯё истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ дар даргириҳои Украинаро беасос номид ва таъкид кард, ки Киев ҳеҷ далеле дар ин бора ироа накардааст.
Лентаи хабарҳо
0