Назарпурсӣ: амрикоиҳо Байденро барои даври дуюми президентӣ пир хондаанд

© AFP 2023 / Bay Ismoyo/PoolПрезидент США Джо Байден на саммите G20 в Индонезии
Президент США Джо Байден на саммите G20 в Индонезии  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2023
Обуна шудан
Назарпурсӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муайян намудааст, ки аксарияти шаҳрвандони ин кишвар президенти феълиро барои даври дуюм қобили қабул намедонанд
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Аз чор се ҳиссаи амрикоиҳо бар ин назаранд, ки президенти феълии ИМА, Ҷо Байден, барои интихоб шудан дар даври дуюм хеле солхӯрда мебошад.
Ин нукта дар натиҷаи назарпурсии Associated Press муайян карда шудааст, ки хулосаи он ироаи омма шудаст.
Пурсидашудаҳо синни Байденро барои иҷрои самараноки вазифаҳои роҳбари давлат монеа арзёбӣ намудаанд.
"Дар назарсанҷӣ, 77%-и пурсидашудагон гуфтаанд, ки Байден хеле пир аст, ки барои чаҳор соли дигар ҳамчун роҳбари муассир боқӣ монад", - омадааст дар матлаб.
Аз миёни мусоҳибони ҷонибдори ҳизби ҷумҳурихоҳон 89% бовар доранд, ки раҳбари кунунии давлат барои дубора интихоб шуданаш хеле пир аст. Ин нишондод дар байни ҷонибдорони ҳизби демократ ба 69% баробар мебошад.
Аз иштирокчиёни пурсиш инчунин хоҳиш карда шуд, ки тавзеҳ диҳанд ҳангоми зикри номи Байден ва президенти пешини ИМА Доналд Трамп чӣ пеш аз ҳама ба сарашон мебиёяд.
Флаг США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2023
Бар ивази Украина: ИМА аз даст додани иттифоқчиёнашро дар саросари ҷаҳон эътироф кард
Дар ин посухҳои интуитивӣ, 26% синну соли Байденро қайд карданд, дар ҳоле ки 15% дигар калимаҳоро ба мисли "суст" ё "парешонхотир"-ро истифода кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, танҳо 1% иштирокчиёни пурсиш синну соли Трампро ба ёд овардаанд.
Назарсанҷӣ дар Иёлоти Муттаҳида аз 10 то 14 август гузаронида шудааст, ки дар он 1165 нафар ширкат доштанд. Эҳтимолияти иштибоҳ дар назарсанҷӣ камтар аз 4% арзёбӣ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0