https://sputnik.tj/20230828/muloqot-rahmon-general-pokiston-dushanbe-1059094774.html
Мулоқоти Раҳмон бо генерали баландпояи покистонӣ дар Душанбе
Мулоқоти Раҳмон бо генерали баландпояи покистонӣ дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон феълан дар Тоҷикистон қарор дошта, масоили амниятиро баррасӣ дорад
2023-08-28T19:28+0500
2023-08-28T19:28+0500
2023-08-28T19:39+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
покистон
мулоқот
баррасӣ
шералӣ мирзо
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1c/1059093771_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_4ad3d82431121b1cdf0ecd8f402efc5b.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои артиши Покистон генерал Соҳир Шамшод вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишварро баррасӣ намуд. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар меҳвари мулоқот ҳамкориҳо дар самти амният ва мудофиа будаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо генерали покистонӣ аз робитаҳои сиёсии тарафҳо изҳори қаноатмандӣ карда, сатҳи бовариву эътимодро миёни ду давлат дар сатҳи олӣ хуб арзёбӣ намудаст. Вай ҳамёрии ду кишвар дар самтҳои амнияту мудофиа ва тамосҳои доимии намояндагони сохторҳои соҳавии ҷонибҳоро ба суди ду кишвар хондаст. Ҷонибҳо ба зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳояшон дар соҳаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ таъкид кардаанд. Зимни мулоқот ҳамзамон дар робита ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон табодули назар анҷом гирифт. Ин сафари ҳайати покистонӣ дар ҳолест, ки чанде қабл вазири мудофиаи Тоҷикистон, Шералӣ Мирзо дар садри як ҳайат дар Исломобод қарор дошту ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
https://sputnik.tj/20230705/kuch-ttp-afghoniston-muloqot-vazironi-tojikiston-pokiston-1058096891.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1c/1059093771_0:0:2048:1536_1920x0_80_0_0_9880d1c25d574e62b4b546906488a55a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, президент, баррасӣ
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, президент, баррасӣ
Мулоқоти Раҳмон бо генерали баландпояи покистонӣ дар Душанбе
19:28 28.08.2023 (Навсозишуда: 19:39 28.08.2023) Раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон феълан дар Тоҷикистон қарор дошта, масоили амниятиро баррасӣ дорад
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои артиши Покистон генерал Соҳир Шамшод вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишварро баррасӣ намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар меҳвари мулоқот ҳамкориҳо дар самти амният ва мудофиа будаанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо генерали покистонӣ аз робитаҳои сиёсии тарафҳо изҳори қаноатмандӣ карда, сатҳи бовариву эътимодро миёни ду давлат дар сатҳи олӣ хуб арзёбӣ намудаст.
Вай ҳамёрии ду кишвар дар самтҳои амнияту мудофиа ва тамосҳои доимии намояндагони сохторҳои соҳавии ҷонибҳоро ба суди ду кишвар хондаст.
Ҷонибҳо ба зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳояшон дар соҳаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ таъкид кардаанд.
Зимни мулоқот ҳамзамон дар робита ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон табодули назар анҷом гирифт.
Ин сафари ҳайати покистонӣ дар ҳолест, ки чанде қабл вазири мудофиаи Тоҷикистон, Шералӣ Мирзо дар садри як ҳайат дар Исломобод қарор дошту ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.