Изҳори ҳамдардии сафири Русия ба мардуми Тоҷикистон

© Фото : Посольство России в ТаджикистанеПосол России в Таджикистане Семен Григорьев
Посол России в Таджикистане Семен Григорьев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2023
Обуна шудан
Сафири Русия дар Тоҷикистон ба хонавода ва наздикони қурбониёни офати табиии рӯзи 27 август изҳори ҳамдардӣ кард
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии кишвар дар робита ба талафоти ҷонӣ бар асари боришоти шадид дар ҷумҳурӣ барқияи тасаллият ирсол намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар додааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти намояндагии дипломатӣ, сафир дар барқияи худ гуфтааст, ки Русия бо мардуми бародари тоҷик ҳамдард аст.
"Аз номи худам ва тамоми кормандони сафорати Русия дар Тоҷикистон таслияти самимии худро баён мекунам",- қайд кардааст Григорев.
Последствия ливней в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2023
Наҷоти 2 нафар аз мошини ғарқшуда ва берунории хонаводаҳо аз минтақаи офати табиӣ
Ёдовар мешавем, ки бар асари боридани борони зиёд дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ офати табиӣ рух дод, ки дар натиҷаи он 13 нафар одамон, аз ҷумла 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расиданд.
Дар робита ба ин мусибат, президент Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ намудаст
Лентаи хабарҳо
0