https://sputnik.tj/20230828/bartarafsozi-oqibathoi-sel-idoma-rohho-basta-boz-1059093576.html
Бартарафсозии оқибатҳои сел идома дорад: Бархе роҳҳои басташуда боз шуданд
Бартарафсозии оқибатҳои сел идома дорад: Бархе роҳҳои басташуда боз шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати нақлиёт мегӯяд, ки корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел дар роҳу пулҳои мавзеҳои мухталифи кишвар идома доранд
2023-08-28T19:58+0500
2023-08-28T19:58+0500
2023-08-28T19:58+0500
дар тоҷикистон
вазорати нақлиёт
басташавии роҳ
сел
боришот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1c/1059077688_0:101:1081:709_1920x0_80_0_0_e08c35899d4c27965b4400d8c051a3d9.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Айни замон муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои минтақаи Рашт бо истифода аз техникаи муҳандисӣ дар километрҳои 92-94 ва 101- и ноҳияи Нуробод роҳро кушоданд ва ҳаракати ҳама гуна намуди нақлиётро таъмин намуданд, иттилоъ додааст вазорати нақлиёти кишвар.Ба иттилои вазорат, дар ҳудуди ноҳияи Рашт ва Сангвор низ роҳ қариб тоза карда, ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд.Ёдовар мешавем, ки шоми 27 август дар минтақаҳои кӯҳсори кишвар бар асари боришоти зиёд сел омада, чандин роҳу пулҳоро тахриб кард.Ба иттилои вазорати нақлиёт дар роҳи байналмилалии “Ваҳдат- Рахш-Лахш” дар ҳудуди ноҳияи Нуробод дар километри 92-94, 101, 141+800, дар ҳудуди ноҳияи Рашт дар километри 144, дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод дар километри 194 ва дар ҳудуди ноҳияи Сангвор дар километри 22, 25, 28, 27, 39 сели калонҳаҷм омада, роҳро вайрон ва ҳаракати нақлиётро муваққатан қатъ намуда буд.Дар ҳоли ҳозир ба иттилои манбаъ, корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел дар роҳу пулҳои мавзеҳои дигари миинтақа идома доранд.Тибқи иттилои манбаъ, шоми гузашта дар ноҳияи Варзоб ҳам сел омад, ки дар натиҷа ҳаракати нақлиёт дар роҳи байналмилалмии “Душанбе- Чаноқ” низ дар километҳои 18, 19, 22, 23, 47, 56 муваққатан қатъ гардид.Дар ҳоли ҳозир, ба иттилои вазорат,корҳои барқарор намудани ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ идома доранд.
https://sputnik.tj/20230828/najot-nafar-moshin-berunorii-oila-selkhez-1059081931.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1c/1059077688_0:0:1079:809_1920x0_80_0_0_8c8c0100b0fb92fd5b736887e055a09a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вазорати нақлиёт, бартарафсозӣ, оқибати сел, роҳҳо, боришот, борон
тоҷикистон, вазорати нақлиёт, бартарафсозӣ, оқибати сел, роҳҳо, боришот, борон
Бартарафсозии оқибатҳои сел идома дорад: Бархе роҳҳои басташуда боз шуданд
Вазорати нақлиёт мегӯяд, ки корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел дар роҳу пулҳои мавзеҳои мухталифи кишвар идома доранд
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Айни замон муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои минтақаи Рашт бо истифода аз техникаи муҳандисӣ дар километрҳои 92-94 ва 101- и ноҳияи Нуробод роҳро кушоданд ва ҳаракати ҳама гуна намуди нақлиётро таъмин намуданд, иттилоъ додааст вазорати нақлиёти кишвар.
Ба иттилои вазорат, дар ҳудуди ноҳияи Рашт ва Сангвор низ роҳ қариб тоза карда, ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки шоми 27 август дар минтақаҳои кӯҳсори кишвар бар асари боришоти зиёд сел омада, чандин роҳу пулҳоро тахриб кард.
Ба иттилои вазорати нақлиёт дар роҳи байналмилалии “Ваҳдат- Рахш-Лахш” дар ҳудуди ноҳияи Нуробод дар километри 92-94, 101, 141+800, дар ҳудуди ноҳияи Рашт дар километри 144, дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод дар километри 194 ва дар ҳудуди ноҳияи Сангвор дар километри 22, 25, 28, 27, 39 сели калонҳаҷм омада, роҳро вайрон ва ҳаракати нақлиётро муваққатан қатъ намуда буд.
Дар ҳоли ҳозир ба иттилои манбаъ, корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел дар роҳу пулҳои мавзеҳои дигари миинтақа идома доранд.
Тибқи иттилои манбаъ, шоми гузашта дар ноҳияи Варзоб ҳам сел омад, ки дар натиҷа ҳаракати нақлиёт дар роҳи байналмилалмии “Душанбе- Чаноқ” низ дар километҳои 18, 19, 22, 23, 47, 56 муваққатан қатъ гардид.
Дар ҳоли ҳозир, ба иттилои вазорат,корҳои барқарор намудани ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ идома доранд.