Қадрдонии қариб 600 омӯзгор дар Душанбе

© Sputnik / Амир ИсаевШкольники сидят за партой в защитных масках
Школьники сидят за партой в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2023
Обуна шудан
Дар арафаи соли нави таҳсил дар пойтахти Тоҷикистон садҳо нафар омӯзгорон бо унвонҳои соҳавӣ, сипосномаҳо, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе 30 корманди соҳаи маориф соҳиб гардиданд.
Дар ин бора Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ дода, афзуд, ки дар маҷмуъ дар арафаи соли нави таҳсил 586 кормандони соҳаю собиқадорон қадрдонӣ гардиданд.
Аз ҷумла садҳо нафар омӯзгорон ва собиқадорони бо унвонҳои соҳавӣ, сипосномаҳо, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Аз ҷумла 11 нафар Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро соҳиб шудаанд. Ба зиёда аз 100 собиқадор туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардидаанд.
Школьная ярмарка на рынке в Душанбе, 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2023
Тақдими либоси мактабӣ ба фарзандони бархе аз омӯзгорон дар Суғд
Ифтихорномаю сипосномаҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои маорифи навоҳии пойтахт ба 225 нафар супорида шуд.
Дар баробари ин даҳҳо нафар ифтихорномаҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, ифтихорномаҳои раиси ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи Ҳизби ҳокими халқӣ - демократии Тоҷикистон ва Иттифоқҳои касабаро ба даст овардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар арафаи соли нави таҳсил дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурию мақомдорони маҳаллӣ ҷаласалаҳо баргузор мешаванд, ки дар он фаъолон қадрдонӣ мегарданду барои ислоҳи камбудиҳо масъалагузорӣ сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0