https://sputnik.tj/20230827/khoriji-payvandsozi-uzv-badan-tojikiston-1059075156.html
Даҳҳо хориҷӣ барои пайвандсозии узвҳои бадан ба Тоҷикистон омадаанд
Даҳҳо хориҷӣ барои пайвандсозии узвҳои бадан ба Тоҷикистон омадаанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли равон ҳудуди 4 ҳазор ҷарроҳиҳои мураккаб гузаронда шудаанд
2023-08-27T20:00+0500
2023-08-27T20:00+0500
2023-08-28T12:41+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
муассиса
соҳаи тандурустӣ
ҷарроҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102133/31/1021333158_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_7ffcceaae7692299d82932a6f477bb76.jpg
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дастрасии аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш дар Тоҷикистон беҳтар шудааст, иттилоъ дод вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода. Вай дар суҳбат бо нашрияи парлумонии "Садои мардум" гуфт, дар 6 моҳи аввали соли 2023 дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусии тиббӣ наздики 1,1 ҳазор амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо гузаронда шуд. Ӯ афзуд, ки наздики 1,6 ҳазор амалиёти ангиография ва беш аз 1 ҳазор амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ амалӣ шуданд. "Инчунин ба 319 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ ва 124 амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шудаанд", - гуфт Абдуллозода.Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон афзуд, ки дар ин муддат 30 нафар бемор аз хориҷи мамлакат мебошанд.Ба гуфтаи Адуллозода, дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар муассисаҳои соҳа 12 навгонӣ, аз ҷумла дар соҳаи бемориҳои чашм, дил, меъда, дар амал ҷорӣ карда шуданд.Тиб дар Тоҷикистон дар қатори тибби кишварҳои пешрафта қарор дорад ва муассисаҳои тандурустӣ бо навтарин таҷҳизоту лавозимоти соҳавӣ ва мутахассисони варзида таъмин мебошанд, афзуд ӯ.
https://sputnik.tj/20230827/vazir-tabibon-khorija-tojikiston-kor-1059071933.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102133/31/1021333158_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_50ae495b2d3ed249851d4b22a470389e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳазор, ҷарроҳӣ, мураккаб, тоҷикистон, анҷом
ҳазор, ҷарроҳӣ, мураккаб, тоҷикистон, анҷом
Даҳҳо хориҷӣ барои пайвандсозии узвҳои бадан ба Тоҷикистон омадаанд
20:00 27.08.2023 (Навсозишуда: 12:41 28.08.2023) Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли равон ҳудуди 4 ҳазор ҷарроҳиҳои мураккаб гузаронда шудаанд
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дастрасии аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш дар Тоҷикистон беҳтар шудааст, иттилоъ дод вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода.
Вай дар суҳбат бо нашрияи парлумонии "Садои мардум" гуфт, дар 6 моҳи аввали соли 2023 дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусии тиббӣ наздики 1,1 ҳазор амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо гузаронда шуд.
Ӯ афзуд, ки наздики 1,6 ҳазор амалиёти ангиография ва беш аз 1 ҳазор амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ амалӣ шуданд.
"Инчунин ба 319 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ ва 124 амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шудаанд", - гуфт Абдуллозода.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон афзуд, ки дар ин муддат 30 нафар бемор аз хориҷи мамлакат мебошанд.
Ба гуфтаи Адуллозода, дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар муассисаҳои соҳа 12 навгонӣ, аз ҷумла дар соҳаи бемориҳои чашм, дил, меъда, дар амал ҷорӣ карда шуданд.
Тиб дар Тоҷикистон дар қатори тибби кишварҳои пешрафта қарор дорад ва муассисаҳои тандурустӣ бо навтарин таҷҳизоту лавозимоти соҳавӣ ва мутахассисони варзида таъмин мебошанд, афзуд ӯ.