https://sputnik.tj/20230827/harakat-masir-dushanbe-chanoq-masdud-1059073086.html
Ҳаракат дар масири Душанбе - Чаноқ масдуд шуд
Ҳаракат дар масири Душанбе - Чаноқ масдуд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ба далели сар задани офатҳои табиӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ягона роҳи пайвандгари маркази Тоҷикистон бо шимоли ҷумҳурӣ маҳддуд гардидаст
2023-08-27T17:30+0500
2023-08-27T17:30+0500
2023-08-28T12:37+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳолат
ситоди ҳолатҳои фавқулодда
роҳ
баста
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/18/1058416301_0:246:964:788_1920x0_80_0_0_aede6dc43f379e681107d576eef0144d.jpg
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Бинобар бориши шадиди борон, омадани сел ва сангфароӣ дар масири Душанбе - Чаноқ ҳаракат дар ин самт мутаваққиф шуд. Дар ин бора ширкати роҳбон - IRS бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд вазъият хоса дар минтақаи Варзоб хатарзо боқӣ мемонад. Ин ширкат, ки ба ҷамъоварии маблағ дар масири пайвандгари маркази Тоҷикистону шимоли ҷумҳурӣ машғул аст, тавзеҳ дод, ки ҳаракати нақлиёт аз самти Душанбе ҷониби Хуҷанд ва аз тарафи Хуҷанд то ноҳияи Айнӣ муваққатан маҳдуд карда шуд.Техникаҳои филиали Ширкат бетаъхир ба маҳалли офати табиӣ сафарбар гардида, корҳои бартарафсозӣ идома дорад, таъкид намуд ширкат. "Аз ронандагон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки моҳияти ин иқдомро дуруст дарк ва тавсияҳои кормандони моро риоя кунанд", - омадааст дар муроҷиатномаи IRS.Маврид ба зикр аст, ки ахиран дар бисёре аз навоҳии Тоҷикистон, аз ҷумла пойтахти кишвар борон борид. Қаблан Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор дода буд, ки рӯзҳои 27 ва 28 август ҷумҳуриро ҳавои номусоид фаро гирифта, хатари сар задани офатҳои табиӣ, аз ҷумла сели боронигариҳои боло меравад.
https://sputnik.tj/20230818/rahmon-omor-ofatho-marg-vmkb-ifsho-1058902444.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/18/1058416301_0:93:964:816_1920x0_80_0_0_bbf0443bcab90419eb7a70ff2367897a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳ, масир, душанбе, чаноқ, баста, масдуд
роҳ, масир, душанбе, чаноқ, баста, масдуд
Ҳаракат дар масири Душанбе - Чаноқ масдуд шуд
17:30 27.08.2023 (Навсозишуда: 12:37 28.08.2023) Ба далели сар задани офатҳои табиӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ягона роҳи пайвандгари маркази Тоҷикистон бо шимоли ҷумҳурӣ маҳддуд гардидаст
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Бинобар бориши шадиди борон, омадани сел ва сангфароӣ дар масири Душанбе - Чаноқ ҳаракат дар ин самт мутаваққиф шуд.
Дар ин бора ширкати роҳбон - IRS бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд вазъият хоса дар минтақаи Варзоб хатарзо боқӣ мемонад.
Ин ширкат, ки ба ҷамъоварии маблағ дар масири пайвандгари маркази Тоҷикистону шимоли ҷумҳурӣ машғул аст, тавзеҳ дод, ки ҳаракати нақлиёт аз самти Душанбе ҷониби Хуҷанд ва аз тарафи Хуҷанд то ноҳияи Айнӣ муваққатан маҳдуд карда шуд.
Техникаҳои филиали Ширкат бетаъхир ба маҳалли офати табиӣ сафарбар гардида, корҳои бартарафсозӣ идома дорад, таъкид намуд ширкат.
"Аз ронандагон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки моҳияти ин иқдомро дуруст дарк ва тавсияҳои кормандони моро риоя кунанд", - омадааст дар муроҷиатномаи IRS.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран дар бисёре аз навоҳии Тоҷикистон, аз ҷумла пойтахти кишвар борон борид.
Қаблан Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор дода буд, ки рӯзҳои 27 ва 28 август ҷумҳуриро ҳавои номусоид фаро гирифта, хатари сар задани офатҳои табиӣ, аз ҷумла сели боронигариҳои боло меравад.