https://sputnik.tj/20230827/charo-mansabdoroni-tojik-tabobat-khorija-1059070803.html
Чаро мансабдорони тоҷик барои табобат ба хориҷа мераванд?
Чаро мансабдорони тоҷик барои табобат ба хориҷа мераванд?
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон қаблан сабаби хориҷаравии бисёре аз мақомдоронро нобоварӣ ба табибони худӣ гуфт, аммо вазири тандурустӣ мегӯяд, феълан вазъ дигар аст
2023-08-27T14:30+0500
2023-08-27T14:30+0500
2023-08-27T14:30+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вазорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/09/1058730223_0:0:1081:608_1920x0_80_0_0_7b7092f5d219de268fbacf75c8ab2cf2.jpg
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Тиб дар Тоҷикистон дар қатори тибби кишварҳои пешрафта қарор дорад ва муассисаҳои тандурустӣ бо навтарин таҷҳизоту лавозимоти соҳавӣ ва мутахассисони варзида таъмин мебошанд.Ин нуктаро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода дар суҳбат бо нашрияи "Садои мардум" баён дошт. Ӯ зикр намуд, ки қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳояш зикр намуд, ки мақомдорон барои табобат ба хориҷа мераванд ва дастур дода буд, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ дар дохил боло бурда шавад. "Давоми солҳои охир табибони кишвари мо низ ба кишварҳои пешрафтаи олам сафар намуда, бо ҳамкасбони хеш мубодилаи таҷриба намудаанд ва бо боварии комил метавон гуфт, ки таҷрибаи табибони мо аз таҷрибаи табибони ҳатто кишварҳои пешрафтаи дунё камие надорад", - гуфт вазир. Ин таъкид Абдуллозода дар ҳолест, ки қаблан президент дар паёмаш ба парлумон аз сифати таълим ва сатҳи хизматрасонии тандурустӣ интиқод карда буд.Раисҷумҳур гуфт, ҳамагирии коронавирус нишон дод, ки доштани мутахассисони касбӣ то чӣ андоза муҳим аст. Президент таъкид кард, ки аксари мансабдорон ҳатто барои табобати дарди сару дандон ба кишварҳои хориҷ мераванд."Махсусан хизматчиёни давлатӣ ва аъзои ҳукумат, сараш дард кунад медавад хориҷа. Ҷаноби олӣ ҷавоб диҳед, ки хориҷа меравам", - гуфта буд Раҳмон ва афзуд, ки ба табибони худ эътиқод надорем.Президент таъкид кард, ки дар асри нав бояд ба тарбияи мухатассисони баландихтисос диққат дод, чун агар давлат олимони босавод надошта бошад, танҳо ба фоидаи давлатҳои хориҷӣ кор мекунад.
https://sputnik.tj/20230810/tojikiston-doruro-istehsol-vorid-1058734637.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/09/1058730223_15:0:975:720_1920x0_80_0_0_b3ae8d85ab193188a9a44c7c0711ac15.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазири тандурустӣ, шарҳ, вазорат, хориҷӣ, таҳсил, мутахассис
вазири тандурустӣ, шарҳ, вазорат, хориҷӣ, таҳсил, мутахассис
Чаро мансабдорони тоҷик барои табобат ба хориҷа мераванд?
Раисҷумҳури Тоҷикистон қаблан сабаби хориҷаравии бисёре аз мақомдоронро нобоварӣ ба табибони худӣ гуфт, аммо вазири тандурустӣ мегӯяд, феълан вазъ дигар аст
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Тиб дар Тоҷикистон дар қатори тибби кишварҳои пешрафта қарор дорад ва муассисаҳои тандурустӣ бо навтарин таҷҳизоту лавозимоти соҳавӣ ва мутахассисони варзида таъмин мебошанд.
Ин нуктаро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода дар суҳбат бо нашрияи "Садои мардум" баён дошт.
Ӯ зикр намуд, ки қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳояш зикр намуд, ки мақомдорон барои табобат ба хориҷа мераванд ва дастур дода буд, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ дар дохил боло бурда шавад.
"Давоми солҳои охир табибони кишвари мо низ ба кишварҳои пешрафтаи олам сафар намуда, бо ҳамкасбони хеш мубодилаи таҷриба намудаанд ва бо боварии комил метавон гуфт, ки таҷрибаи табибони мо аз таҷрибаи табибони ҳатто кишварҳои пешрафтаи дунё камие надорад", - гуфт вазир.
Ин таъкид Абдуллозода дар ҳолест, ки қаблан президент дар паёмаш ба парлумон аз сифати таълим ва сатҳи хизматрасонии тандурустӣ интиқод карда буд.
Раисҷумҳур гуфт, ҳамагирии коронавирус нишон дод, ки доштани мутахассисони касбӣ то чӣ андоза муҳим аст. Президент таъкид кард, ки аксари мансабдорон ҳатто барои табобати дарди сару дандон ба кишварҳои хориҷ мераванд.
"Махсусан хизматчиёни давлатӣ ва аъзои ҳукумат, сараш дард кунад медавад хориҷа. Ҷаноби олӣ ҷавоб диҳед, ки хориҷа меравам", - гуфта буд Раҳмон ва афзуд, ки ба табибони худ эътиқод надорем.
Президент таъкид кард, ки дар асри нав бояд ба тарбияи мухатассисони баландихтисос диққат дод, чун агар давлат олимони босавод надошта бошад, танҳо ба фоидаи давлатҳои хориҷӣ кор мекунад.