Тоқаев ба истиқболи Раҳмон ба фурудгоҳ омад – видео

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари корӣ дар Қазоқистон ба шаҳри Остона - пойтахти ин кишвар ворид шуд
Президенти Тоҷикистонро дар фурудгоҳи шаҳри Остона раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев гарму самимӣ истиқбол гирифт.
Ба хотири пазироии Эмомалӣ Раҳмон майдони фурудгоҳи шаҳри Остона бо парчамҳои ҳарду давлат идона ороста шуда буд.
Қарор аст, дар ин сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқотҳо дар сатҳи олӣ сурат бигирад.
Эмомалӣ Раҳмон вориди Қазоқистон шуд
Дар назар аст, ки дар ҷараёни онҳо "масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ, логистикӣ ва сармоягузорӣ" баррасӣ шаванд.
Илова бар ин, раҳбарони ҷумҳуриҳо дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон ширкат мекунанд ва, ҳамзамон, раҳбарон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дидан хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0