https://sputnik.tj/20230825/konsert-hunarmandi-tojik-ostona-prezidentho-1059041584.html
Консерти беш аз 100 ҳунарманди тоҷик дар Остона бо иштироки президентҳои 2 кишвар
Консерти беш аз 100 ҳунарманди тоҷик дар Остона бо иштироки президентҳои 2 кишвар
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим Ҷомарт Тоқаев дар маросими расмии ифтитоҳи рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон иштирок хоҳанд кард
2023-08-25T13:29+0500
2023-08-25T13:29+0500
2023-08-25T16:44+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
консерт
вазорати фарҳанг
қазоқистон
эмомалӣ раҳмон
қосим -жомарт тоқаев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/03/1056856638_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_33ab277ea6cdaa08261e22de8ce1c61d.jpg
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Расман рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон шоми 25 август бо иштироки сарони ду давлат оғоз хоҳад шуд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои қазоқаш Қосим Ҷомарт Тоқаев дар ҳунарнамоӣ дар Театри давлатии опера ва балети "Астана Опера" иштирок мекунанд. Дар даромадгоҳи театр намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва аксу мусаввараҳо дар назар аст, афзуд манбаъ. Дар барномаи консертӣ ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Каримӣ Ватанмир, Исмоил Назриев, Раҳматулло Ҳошимов, Маҳмадалӣ Аюбӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Инчунин иштироки ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Давлат Назрӣ, Ҷовидон Нозимов, Носир Сафарзода, Муҳаммадрафии Кароматулло дар назар аст. Дар феҳрасти иштирокдорон, ҳамчунин, ситораҳои эстрадаи тоҷик, ҳунарпешагон Нозияи Кароматулло, Нигина Амонқулова, Шарофат Усмонова, Ҳақназар Аловатов, Ситораи Кароматулло, Фотима Машрабова низ зикр гардидаанд. Ансамблҳои рақсии "Зебо", "Гулрез", "Парасту", "Ҷаҳоноро" ва "Лола" низ дар барномаи консертӣ ширкат меварзанд. Дар маҷмӯъ рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон то 29 августи соли 2023 идома ёфта, дар ҷараёни баргузории он 110 нафар намояндагони аҳли фарҳанг ва санъату ҳунари тоҷик ширкат менамоянд.
https://sputnik.tj/20230825/emomali-rahmon-voridi-qazoqiston-shud-1059036510.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/03/1056856638_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_db7dd9cf82e02903926f2b47c46cdaae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, тоҷикистон, қазоқистон, консерт, фарҳанг
президент, тоҷикистон, қазоқистон, консерт, фарҳанг
Консерти беш аз 100 ҳунарманди тоҷик дар Остона бо иштироки президентҳои 2 кишвар
13:29 25.08.2023 (Навсозишуда: 16:44 25.08.2023) Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим Ҷомарт Тоқаев дар маросими расмии ифтитоҳи рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон иштирок хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Расман рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон шоми 25 август бо иштироки сарони ду давлат оғоз хоҳад шуд.
Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои қазоқаш Қосим Ҷомарт Тоқаев дар ҳунарнамоӣ дар Театри давлатии опера ва балети "Астана Опера" иштирок мекунанд.
Дар даромадгоҳи театр намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва аксу мусаввараҳо дар назар аст, афзуд манбаъ.
Дар барномаи консертӣ ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Каримӣ Ватанмир, Исмоил Назриев, Раҳматулло Ҳошимов, Маҳмадалӣ Аюбӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Инчунин иштироки ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Давлат Назрӣ, Ҷовидон Нозимов, Носир Сафарзода, Муҳаммадрафии Кароматулло дар назар аст.
Дар феҳрасти иштирокдорон, ҳамчунин, ситораҳои эстрадаи тоҷик, ҳунарпешагон Нозияи Кароматулло, Нигина Амонқулова, Шарофат Усмонова, Ҳақназар Аловатов, Ситораи Кароматулло, Фотима Машрабова низ зикр гардидаанд.
Ансамблҳои рақсии "Зебо", "Гулрез", "Парасту", "Ҷаҳоноро" ва "Лола" низ дар барномаи консертӣ ширкат меварзанд.
Дар маҷмӯъ рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон то 29 августи соли 2023 идома ёфта, дар ҷараёни баргузории он 110 нафар намояндагони аҳли фарҳанг ва санъату ҳунари тоҷик ширкат менамоянд.