Интизори депорт: Нигаҳдории занону кӯдакон тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатии Екатеринбург

© Общественный совет при посольстве РТ в РФГраждане Таджикистана в изоляторе временного содержания иностранных граждан Екатеринбурга
Граждане Таджикистана в изоляторе временного содержания иностранных граждан Екатеринбурга - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2023
Обуна шудан
Наздик ба 60 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз маркази Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Екатеринбург ба Ватан баргардонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Ба иттилои Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон шоми 24 августи соли равон 58 шаҳрвани Тоҷикистон аз Маркази нигаҳдории муваққатӣ ба Ватан баргаштанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло ба раванди ба Ватан баргаштани бошандагони тоҷикистонии Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Екатеринбург ба таври назаррас суръат бахшида шуд
Қайд карда шудааст, ки ахиран муовини аввали раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Екатеринбург дидан кард.
© Шӯрои ҷамъятӣ назди сафорати Тоҷикистон дар МаскавШаҳрвандони Тоҷикистон дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Екатеринбург
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Екатеринбург - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2023
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Екатеринбург
Ёқубҷон Умаров дар ин боздид бо шаҳрвандони кишвар суҳбатҳо кардааст.
“Пешниҳодҳои роҳбарияти Шӯрои дар бораи зудтар ба Ватан фиристодани шаҳрвандони бошандаи Маркази нигаҳдории муваққатӣ ба инобат гирифта шуда, натиҷаҳои мусбат дода истодаанд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Айни ҳол шаҳрванде, ки хоҳиши зудтар ба Ватан рафтанро дорад, метавонад (тавре ки пешниҳод шуда буд) расман аризаи хаттӣ навишта, изҳор кунад, ки даъвои норозигӣ нисбат ба қарори суди маҳаллӣ надорад.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳамин метавонад асоси ҳуқуқӣ шавад ва бошандаи Маркази нигаҳдории муваққатӣ метавонад зудтар ба Ватанаш баргардад.
Лентаи хабарҳо
0